Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили D Day дар Нормандияи Фаронса


Барак Обама - раиси ҷумҳури Амрико имрӯз бо ширкат дар чанд маросим 65-умин солгари Рӯзи Ғалаба, мавсум ба Ди Дейро таҷлил кард. Вай зимни суханронӣ дар оромгоҳи сарбозони амрикоӣ дар шаҳре дар Нормандияи Фаронса доир ба аҳамияти ин рӯз гуфт, “он замон ва маҳал бо ҷасорату садоқати чанд нафар хатти ҳаракат дар як садаро тағйир дод”. Рӯзи чаҳоруми июни соли 1944 нерӯҳои Амрико, Бритония, Канада ва дигар нерӯҳои иттифоқӣ ба соҳилҳои Нормандия дар шимоли Фаронса фуруд омаданд. Ин амалиёт ба ақибнишинии нерӯҳои фашистӣ аз Аврупои Ғарбӣ оғоз гузошт ва ҳамингуна дар хотимаи Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум дар соли 1945 кӯмак кард. Дидор аз маҳалли фуруд омадани нерӯҳои амрикоӣ барои ҳар раиси ҷумҳури Амрико як анъана шудааст.
XS
SM
MD
LG