Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Обама ва Саркозӣ аз Эрон


Барак Обама ва Никола Саркозӣ имрӯз аз Эрон даъват карданд, то барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ талош накунад. Пас аз мулоқот дар шаҳри Кани Нормандияи Фаронса, раиси ҷумҳури Амрико таъкид кард, ки дар ин роҳ нисбат ба Эрон бояд бо “дипломатияи сахте” рафтор кард. Никола Саркозӣ гуфт, ки аз “баёнияҳои беақлонаи” Маҳмуди Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури Эрон нигарон аст. Қарор аст, имрӯз ҳарду раиси ҷумҳур дар 65-умин солгарди Рӯзи Ғалаба мавсум ба рӯзи Ди Дей ширкат кунанд. Рӯзи чаҳоруми июни соли 1944 нерӯҳои Амрико, Бритония, Канада ва дигар нерӯҳои иттифоқӣ ба соҳилҳои Нормандия дар шимоли Фаронса фуруд омаданд. Ин амалиёт ба ақибнишинии нерӯҳои Олмони фашистӣ аз Аврупои Ғарбӣ оғоз гузошт ва ҳамингуна дар хотимаи Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум дар соли 1945 кӯмак кард.
XS
SM
MD
LG