Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти ҳифзи муҳити зист ва ҷангалпарварии Қирғизистон аз коҳиши теъдоди пиряхҳои бузургтарини кӯҳи Тиёншон ибрози ташвиш кардаанд.

Ба гуфтаи Айткул Бурҳонов, муовини раиси оҷонси давлатии ҳифзи муҳити зист ва ҷангалпарварии ин кишвар, аз ҳашт ҳазору дусад пиряхи кӯҳи Тиёншон ду ҳазори онҳо бар асари тағйир ёфтани иқлим аз байн рафтааст. Вай меафзояд, аз меъёр бештар обшавии пиряхҳои бузурги Тиёншон маънои аз байн рафтани захираҳои оби ошомиданӣ барои даҳҳо миллион сокини минтақаи Осиёи Марказиро касб намудааст.

Ба шаҳодати муовини раиси оҷонси давлатии ҳифзи муҳити зисти Қирғизистон, ин пиряхҳо ба суръати миёнаи ҳашт метр дар як сол об мешаванд, ки мавриди нигаронист. Айткул Бурҳонов мӯътақид аст, ки мушкилоти ҳифзи муҳити зист аз марҳалаи гуфтугузорҳо ба мушкилоти воқеӣ мубаддал шуд ва таҳдиди табиат болои ҷомеъаи умумбашарӣ, аз ҷумла, Қирғизистонро эҷод кардааст.

Ба гуфтаи коршиносон дар минтақаи Авруосиё кӯҳи Тиёншон дорои сӣ қуллаи баландтарин дар ҷаҳон аст. Гуфта мешавад, ки қуллаи Ғалаба дар баландии беш аз ҳафт ҳазору чаҳорсад метр ва қуллаи Хон-Тангрии ин кӯҳ дасти кам ҳафт ҳазор метр аз сатҳи об ҷой гирифтааст. Коршиносон мегӯянд, ки ин қуллаҳо аз манобеъи ғанитарини обу барқ барои соири кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд.

Рустам Қобилбеков, раҳбари созмони ғайридавлатии «Монгу» ё «Пиряхҳо», бар ин назар аст, ки пиряхҳои марбут ба Қирғизистон ва Тоҷикистон ғайр аз он, ки барои ин ду кишвар манбаъҳои ғании обу барқ муаррифӣ шудаанд, ҳамзамон саросари Осиёи Марказиро метавонанд ба гулистон табдил диҳанд. Вай афзуд, ки вале адами риояти арзишҳои ҳамҷаворӣ мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ наметавонанд, дар мавриди рафъи ин мушкилоти глобалӣ ба тавофуқ бирасанд.

Исмоил Дабиров, раиси давравии Комиссияи байниҳукуматии рушди устувори Осиёи Марказӣ, мегӯяд, ки тағйири иқлим ва аз меъёр гармшавии ҳаво ба раванди аз меъёр бештар об шудани пиряхҳои бузург хеле мусоидат кардааст. Ба гуфтаи Исмоил Дабиров, агар аз ин раванд ҷилавгирӣ нашавад, дар ояндаи на чандон дур Осиёи Марказӣ ба мушкилоти сахттарини обу барқ дучор хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, ки Қирғизистон ба хотири ҳифзи муҳити зист фақат аз 0,3 дарсади буҷаи худ истифода мекунад, ки ба гуфтаи коршиносон ҳаргиз маблағи кофӣ нест.

Ба гуфтаи мақомоти оҷонси давлатии ҳифзи муҳити зист ва ҷангалпарварии Қирғизистон, ин кишвар дар чаҳорчӯби барномаи рушди СММ як лоиҳаро таҳти иҷро қарор додааст. Бино ба ин манобеъ, то охири моҳи июн дар қуллаи Ленини қаторкӯҳҳои Туркистон, ки дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон мустақар аст, амалиёти поккорӣ сурат хоҳад гирифт. Дар ин амалиёт кӯҳнавардони зиёд ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG