Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон устод Зафар Нозим бо нишони дараҷаи олии «Ситораи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардид.

Маросими супурдани нишони фахрӣ ба овозхони маҳбуби кишвар субҳи имрӯз, 6-уми июн, дар Кохи Миллат дар ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон, вазири фарҳанги кишвар, аҳли ҳунар ва намояндагони расонаҳои хабарӣ сурат гирифт.

Зафар Нозим – чеҳраи саршиноси санъати Тоҷикистон тайи ин рӯзҳо ба синни 70-солагӣ қадам ниҳод, ки 50 соли он ба фаъолияти ҳунарии ӯ дар саҳна рост меояд.

Устод Зафар Нозим яке аз поягузорони санъати мусоири тоҷик маҳсуб мешавад ва мактаби мусиқии ӯ ҳунармандони зиёдеро рӯи саҳна овардааст.

Дар робита ба 70-солагии устод Зафар Нозим шоми имрӯз дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе як барномаи консертӣ таҳти унвони «Суруди Зафар» бо ширкати зиёиён ва овозхонони маъруфи кишвар баргузор мешавад.

Гузориши видеоии шоми «Суруди Зафар» барои хонандагони сомонаи радиои Озодӣ омода ва пешкаш хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG