Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи бузурги Чин ба Туркманистон


Бино ба иттилоъи расонаҳои давлатии Туркманистон, ин кишвар барои истихроҷи майдони гази Йолотани Ҷанубӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 3 миллиард доллар қарз хоҳад гирифт. Тахмин мекунанд, ки Йолотани Ҷанубӣ, 14 миллиард метри мукааб гази табиӣ дорад ва чаҳорумин ё ва панҷумин кони бузурги газ дар ҷаҳон мебошад. Сохтмони як лӯлаи гази 7 ҳазор километрие, ки Туркманистону Чинро ба ҳам васл хоҳад кард, охири ҳамин сол такмил мешавад.
XS
SM
MD
LG