Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса ҳавопайморо бо киштӣ меҷӯяд


Фаронса барои пайдо кардани боқимондаҳои ҳавопаймои суқуткардаи ин кишвар як сафинаи зериобии атомиро ба Уқёнуси Атлантик фиристодааст. Ҳавопаймои Боинги мутаалиқи ширкати Эйр Франс бо 228 мусофираш дар ин уқёнус суқут кард. Абзори садосанҷи сафинаи атомӣ қодир аст, дастгоҳҳои сабти ҳавопайморо, ки то 30 рӯз сигнал мефиристанд, пайдо намояд. Ҳавои номусоид ҷустуҷӯи пораҳои ҳавопайморо мушкил кардааст. Мақомоти Фаронса мегӯянд, расман ба таҳқиқи сабабҳои суқути ҳавопаймо шурӯъ намуданд.
XS
SM
MD
LG