Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Барак Обама аз Фаронса


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, дар поёни сафараш ба хориҷ имрӯз аз Фаронса боздид мекунад. Ӯ дар маросими таҷлили 65-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ширкат хоҳад кард, ки дар хотима додан ба Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум мусоидат кардааст. Рӯзи чаҳоруми июни соли 1944 нерӯҳои Амрико, Бритониё, Канада ва дигар нерӯҳои иттифоқӣ ба соҳилҳои Нормандия дар шимоли Фаронса фуруд омаданд. Ин амалиёти якҷоя ба ақибнишинии нерӯҳои Олмони фашистӣ аз Аврупои Ғарбӣ оғоз гузошт ва ҳамингуна дар хотимаи Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум дар соли 1945 кӯмак кард. Барак Обама пеш аз сафар ба Фаронса аз Олмон ва ду кишвари Ховари Миёна дидан кард. Вай дар шаҳри Қоҳира – пойтахти Миср, зимни як паёми муҳиме, хостори "оғози нав" дар равобити Амрико бо ҷаҳони ислом шуд.
XS
SM
MD
LG