Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ни хао ба бузургтарин сармоягузори Тоҷикистон


Дидори президент Раҳмон бо ҳайъати чиноӣ

Дидори президент Раҳмон бо ҳайъати чиноӣ

Чин ба арсаҳои саноату энержӣ, илм ва нақлиёту мухобироти Тоҷикистон беш аз 1 миллиард доллар сармоя ихтисос дод.

Шаш санади ҳамкорӣ барои тахсиси ин маблағ, дар поёни музокироти мақомоти баландпояи давлати Чин, бо сарварии Ван Летсюан, узви Бюрои сиёсии Ҳизби коммунисти ин кишвар, бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва мақомҳои баландпояи ин кишвар дар шаҳри Душанбе ба имзо расиданд.

Тибқи ду созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон ва ширкати "Тебиян Электрик Апаратус, ҷониби Чин
Чин ба арсаҳои саноату энержӣ, илм ва нақлиёту мухобироти Тоҷикистон беш аз 1 миллиард доллар сармоя ихтисос дод.
муваззаф шудааст, ки сохтмони нерӯгоҳи обии "Нуробод-1"-ро дар рӯдхонаи Хингоб ба маблағи 560 миллион доллар ва бунёди як Маркази тавлиди барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанберо ба 400 миллион доллар сармоягузорӣ кунад. Ба қавли Чжан Син, раиси шӯрои мудирони ширкати "Тебиян Электрик Апаратус”, ширкаташ дар ивази захоири маъдани Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон, тарҳҳои пешниҳодии Тоҷикистонро сармоягузорӣ мекунад.

Шералӣ Гул, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон, мегӯяд, тарҳи фаннӣ ва молии нерӯгоҳи обии "Нуробод-1", ки зарфияти 350 мегаватро дорост, аллакай таҳия шуда, бар асоси мувофиқатномаи ҳамкорӣ оғози сохтмон дар ин тарҳ аз соли оянда шурӯъ хоҳад шуд. Аммо вай таъкид кард, ки умури сохтмонӣ дар иҷрои тарҳи Маркази тавлиди барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе бо 200 мегават зудтар аз нерӯгоҳи обии "Нуробод -1" оғоз мешавад.

Ба гуфтаи масъулони вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, ин ширкати чинӣ то ба ҳол, дар қаламрави Тоҷикистон дар эҳдоси хатҳои интиқоли барқи 220-мегаватаи Лолазор-Хатлон ва 500-киловатаи Ҷануб-Шимол нақши калидӣ доштааст ва соли гузашта хати интиқоли барқи Лолазор-Хатлон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Бар асоси санаде, ки миёни ширкати "Барқи тоҷик" ва ширкати “Тебиян Электрик Апаратус” ба имзо расид, ин ширкат муваззаф шудааст, ки барои корҳои сохтмонии изофӣ боз 61 миллион доллари дигар сармоягузорӣ карда, ин тарҳҳоро анҷом диҳад.

Шералӣ Гул, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон, имзои асноди ҳамкорӣ бо Чинро дар арсаи энержӣ барои зудтар расидани Точикистон ба истиқлолияти энержӣ муҳим арзёбӣ кард.

Ҳамчунин тибқи тавофуқоти ҳосил шуда, Чин 51 миллион доллари дигар барои бозсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Данғара, ки
Дар соли 2008 миёни Тоҷикистон ва Чин ба маблағи 1 миллиарду 250 миллион доллар табодули коло сурат гирифтааст, ки ҳатто аз гардиши молии Тоҷикистону Русия ҳам бештар аст.
маркази Тоҷикистонро бо ҷануби он мепайвандад, ихтисос медиҳад. Бозсозии ин роҳ марҳилаи нахусти тарҳи сохтмон ва бозсозии ҷодаи автомобилгарди Душанбе-Данғара-Кӯлоб-Кулоб-Хоруғ-Кулма-Қошғари Чин маҳсуб мешавад. Ван Летсюан, раҳбари ҳайъати мақомоти чинӣ, гуфт, ин роҳ имкон медиҳад, ки равобиту ҳамкориҳои Чин ва Тоҷикистон дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ густариш пайдо кунад.

Ҳамчунин, дар чорчӯби мувофиқатномаи ҳамкорӣ миёни давлати Тоҷикистон ва ширкатҳои "Тачин" ва "Сан Бао"-и Чин, ин кишвар бо сармояи худ дар Точикистон як корхонаи тавлиди семент бо иқтидори як миллион тонна дар сол бунёд мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон имзои созишнома дар мавриди таъсиси зеркомиссияҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва минтақаи мухтори Синзян-Уйғури Чин ва мувофиқатномаи ҳамкорӣ байни миёни Академияи улуми Тоҷикистон ва ин минтақаи Чин дар ростои боло бурдани сатҳи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию фаннӣ ҳар ду кишварро муҳим арзёбӣ мекунанд.

Абдураҳим Ашӯров, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, дар соли гузаштаи милодӣ миёни Тоҷикистон ва Чин ба маблағи 1 миллиарду 250 миллион доллар табодули коло сурат гирифта, дар чаҳор моҳи нахусти соли ҷорӣ сарфи назар аз таъсири бӯҳрони молии ҷаҳонӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 84 дарсад афзоиш пайдо кардааст, ки ҳатто аз гардиши молии Тоҷикистону Русия ҳам бештар будааст.

Коршиносон мегӯянд, дар чанд соли ахир давлати Чин ба бузургтарин сармоягузори тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон табдил шудааст. То кунун Чин наздики 2 миллиард доллар дар Тоҷикистон сармоя гузошта, ва акнун бо сармоягузориҳои ҷадидаш бузургтарин сармоягузори иқтисоди Тоҷикистон мешавад. Масалан, Чин дар Тоҷикистон ҳоло бозсозии роҳи автомобилгарди 700 миллиондолларии Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ваҳдат-Ҷиргатол ва эҳдоси тунели Шар-Шар, дар манотиқи шимолу шарқ ва ҷануби ин кишвар анҷом медиҳад.

Масъуд Собиров номзади улуми иқтисодӣ, мегуяд, Чин Тоҷикистонро фиреб нахоҳад дод, ва тарҳҳои тааҳҳудкадаашро дар муддаташ иҷро хоҳад кард. Оқои Собиров бо ин вуҷуд, ки вуруди сармояи чинӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро боаҳаммият меҳисобад, аммо мегӯяд, ки иҷрои ин тарҳҳо ба нафъи мардуми одӣ нест, зеро дар аксари тарҳҳое, ки Чин дар Тоҷикистон анҷом медиҳад, дар онҳо танҳо мутахассисони чинӣ кор мекунанд ва мардуми маҳаллӣ ба кор фаро гирифта намешаванд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки даргириҳои мукаррар миёни ҷавонони тоҷик ва коргарони чинӣ, ки дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон
Чиноиҳо ба эҳтимоли қавӣ метавонанд, бозори кори аз ҳудуди якуним миллион муҳоҷири меҳнатии тоҷик холишудаи Тоҷикистонро пур кунанд
машғули иҷрои тарҳҳои муштарак ҳастанд, боис ба нороҳатии мардуми маҳаллӣ аз ҳузури афзояндаи чиниҳо шудааст. Сиёсатшинос, Абдуғанӣ Маҳмадазимов мегӯяд, мақсади ниҳоии сармоягузориҳои Чин дар Тоҷикистон роҳҳои иловагие барои содироти мол пайдо кардан тавассути Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад. Барои ҳамин ҳам, онҳо кӯшиш мекунанд, дар мадди аввал ба сохтмони роҳҳо ва кӯпрукҳо маблағгузорӣ кунанд, баъд ба интиқоли барқ ба дигарон.

Коршиносон ҳамчунин мегӯянд, дар стратегияи миллии Чин ҷойгиркунии атбояш дар кишварҳои дигар масъалаи муҳим арзёбӣ мешавад ва ба ин тартиб чиноиҳо ба эҳтимоли қавӣ метавонанд, бозори кори аз ҳудуди якуним миллион муҳоҷири меҳнатии тоҷик холишудаи Тоҷикистонро пур кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG