Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афзоиши мизони бекорӣ дар Амрико


Мизони бекорӣ дар Амрико ба 9,4 дарсад расидааст ва дар 25 соли ахир болотарин рақам ба шумор меравад. Аммо рақамҳо нишон медиҳанд, ки дар як моҳи ахир шумораи ихтисори коргарон камтар шудааст ва ба 345 000 нафар расидааст. Аз моҳи сентябри соли гузашта то ҳол ин камтарин шумора дониста мешавад. Ин хабар сабаб шудааст, ки нархи як бушка нафт аз 70 доллар боло равад. Аз моҳи ноябр то ҳол нархи як бушка нафт аз 70 доллар поин буд. Интизор меравад, ки барномаҳои наҷоти молӣ ба иҷро дарояд.
XS
SM
MD
LG