Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Покистон дар инфиҷоре 30 нафар кушта шуданд


Мақомоти минтақаии Покистон мегӯянд, дар инфиҷори баме дар масҷиди Дири Боло, воқеъ дар шимоли ғарби Покистон дастикам 30 нафар кушта, даҳҳо нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Ин инфиҷор ҳангоми адои намози ҷумъа рух додааст. Раиси ғайринизомии ин минтақа Атиф-ур-Раҳмон куштори 30 нафарро таъйид кардааст ва гуфтааст, аз 60 то 70 нафари дигар дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд. Дири Боло бо минтақае, ки бар зидди шӯришиёни Толибон амалиёт анҷом мегирад, ҳаммарз мебошад.
XS
SM
MD
LG