Пайвандҳои дастрасӣ

Обама ва Меркел сулҳи Ховари Миёнаро баррасӣ карданд


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар оғози боздиди мухтасари худ аз Олмон имрӯз бо Ангела Меркел-нахуствазири ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард. Вай баъд аз музокирот дар конфронси муштараки хабарӣ гуфт, ҳар ду ҷониб доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла бӯҳрони саросарии иқтисодӣ ва сулҳи Ховари Миёнаро баррасӣ кардаанд:

"Мо ҳамчунин масъалаи Эронро баррасӣ кардем, на дар бораи дар инзиво қарор додани он, балки дар чаҳорчӯбаи худдорӣ аз мусобиқаи таслиҳоти ҳастаӣ дар Ховари Миёна, ки метавонад воқеъан хатарнок бошад".

Обама гуфт, ки дар бораи қабули зиндониёни боздоштгоҳи Гуантаномо чизе дархост накардааст ва ваъдае ҳам аз Олмон нагирифтааст. Боздоштгоҳи Гуантанамо дар Куба ҷойгир аст ва раиси ҷумҳури Амрико дастур додааст, ки он то соли 2010 баста шавад. Музокирот дар шаҳри Дрездени Омон баргузор шуд. Обама урдугоҳи Бухенвалди Олмони нозиро низ зиёрат мекунад, то хотираи қурбониёни Ҳолокостро гиромӣ дорад.
XS
SM
MD
LG