Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президентии ояндаи Эрон дар дасти ҷавонон?


Ба назар мерасад, интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ҷавонҳои зиёдро пои сандуқҳои раъй хоҳад овард. Таҳлилгарон дар дохили Эрон мегӯянд, мавқеи ҷавонҳои то сисола, ки баъди инқилоби исломии соли 1979 ба дунё омадааст, дар ин раъйдиҳӣ хеле муҳим хоҳад буд. Ин бахши раъйдиҳандагон 60 дар сади кулли ҷамъияти қобили раъйи ин кишварро ташкил медиҳанд. Аз ҳоло пешгӯӣ мешавад, ки ҳузури раъйдиҳандагони ҷавон, ба вижа ҷавонҳои шаҳрнишин дар интихобот барҷаста хоҳад шуд ва бовар меравад, ки ағлаби онҳо аз Мирҳусайни Мусавӣ ҷонибдорӣ хоҳанд дод.

Дар айни замон, ҷавонҳои Теҳронро ҳоло як мӯди нави ғайриоддие сироят кардааст, ки бо ранги сабз иртибот мегирад. Наврасону ҷавонон як куртаи варзишӣ, як кулоҳ ё як банди сабзеро ба бар карда, дар хиёбон ба ҳамин намуд зоҳир мешаванд. Ранги сабзи исломӣ рамзи таблиғоти интихоботии номзади раёсатҷумҳурӣ Мирҳусайни Мусавӣ аст. Ӯ дар солҳои 1980-уми ҷанги Ироқу Эрон нахуствазири Ҷумҳурии Исломӣ будааст.

Аксар ҷавонҳои тарафдори Мусавӣ дар хиёбонҳои шаҳру манотиқи мухталифи Эрон бо шиору акс, адабиёти таблиғкунандаи ӯ раҳпаймоӣ мекунанд. Ормито Дебо, як донишҷӯи 25-солаи риштаи ҳуқуқ, ки дар хиёбони Таҷриши Теҳрон бо таблиғи Мусаввӣ машғул буд, гуфт, аз Аҳмадинажод хаста шудааст. "Ман озодиҳои бештар мехоҳам, тавре дар даврони Хотамӣ буд", - гуфт вай. Вай афзуд, ки баъди порсол барои пӯшидани пойафзоли пошнабаланд аз ҷониби полиси ахлоқ боздошт шуданаш барояш хеле бад расид ва ӯ ҳоло мехоҳад, ки дар ватанаш озодиҳои бештар ҳукмфармо шавад. Ормито Дебо, ки аз рӯи нишони сари синааш тарафдори Мусавӣ будани ӯ ҳувайдост, мегӯяд, соли 2005 дар интихобот иштирок накард ва ҳоло фикр мекунад, ки вазъ бояд тағйир ёбад. Ӯ ҳатто барои ҷалби раъйи бештар ба тарафдории Мусавӣ модаркалонашро мехоҳад ба интихобот фиристад.

Ҷавони дигар Паймони 27-сола мегӯяд, аз назари ӯ, ҳукумат барои мардум коре накард ва баръакс, ҳар чи кард бар зарари обурӯи Эрон дар саҳнаи байналмилалӣ буд.

Бояд гуфт, дар хиёбонҳои Теҳрон гурӯҳҳои хурди ҷавонҳоеро низ дидан мумкин аст, ки ба тарафдории Аҳмадинажод таблиғ мекунанд. Аз ӯ ҳамчун "Маҳмуд - наҷоти мардумӣ" ёд мекунанд, ва гоҳо ба ҳимояти номзадии раисҷумҳури кунунии
Эрон бо мухолифин вориди баҳсҳои шадид мешаванд.

Алӣ Бобоӣ, ки 18 сол дораду дар интихобот барои Аҳмадинажод овоз хоҳад дод, мегӯяд, вай шахсияти хоксору фурӯтан аст ва тарзи сӯҳбати шадидлаҳни вай бо Амрико ба Алӣ хуш меояд.

Аз назари ҷомеашиносон, дар соли 2005 бештар синфи миёнаи ҷомеаи Эрон ва ҷавонҳо аз интихобот фосилагирӣ карданд, чунки он вақт дигар аз ҷараёнҳои ислоҳоти кишвар дилсард шуда буданд. Аммо ҳоло бисёриҳо бо андешаи он ҳастанд, ки дигар набояд гузоранд, вазъ аз ин бадтар шаваду, як навъ бедории сиёсӣ нишон бидиҳанд.

Дар паи озодиҳои нисбӣ дар даврони Хотамӣ, ки солҳои 1997-2005 раисҷумҳури Эрон будааст, ҳоло мардум боумед ба шахси мавриди ҳимояти ӯ - Мирҳусайни Мусавӣ нигоҳ мекунанд. Мусаввӣ 67 сол дошта, бо ихтисоси меъмор ва наққошӣ як муддат дар саҳнаи сиёсии Эрон фаъолият кардааст.
XS
SM
MD
LG