Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Аҳмадинажод ва Мусавӣ дар ТВ


Баҳси телевизионӣ миёни ду довталаби аслии курсии раёсатҷумҳурии Эрон - Маҳмуди Аҳмадинажод ва Мирҳусейн Мусавӣ бо ҳамлаҳои лафзӣ ва муттаҳамсозии ҳамдигар сипарӣ шуд.

Дар ин баҳси пешазинтихоботӣ Маҳмуди Аҳмадинажод ба лаҳни гуфтори пешини худ содиқ монд ва ба рақибаш пайваста ҳамлаи лафзӣ мекард. Ва аммо ҳадафи ин ҳамла танҳо Мирҳусейн Мусавӣ набуд - Маҳмуди Аҳмадинажод ба сари хонуми Мусавӣ, ки дар маъракаи таблиғотии интихоботи рӯзи 12 июн ҳузури чашмрас дорад ва ба сари ҷонибдорони Мусавӣ, аз ҷумла, президентҳои пешину аҳли хонаводаи онҳо низ борони танқиду надоматро рехт.

Дар навбати худ Мирҳусейн Мусавӣ гуфт, дилаш ба мардуми Эрон месӯзад, ки “қурбони сиёсати Аҳмадинажод шудаанд, қурбони сиёсати як фарди ҳангоматалаб, ноустувор ва ифротгаро”.

Маҳмуди Аҳмадинажод ду раисҷумҳури пешини Эрон - Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ ва Муҳаммад Хотамиро, ки дар маъракаи интихоботии феълӣ аз Мусавӣ пуштибонӣ мекунанд, дар талоши сарнагунсозии ҳукуматаш айбдор кард. Ва аммо бештари ҳамлаҳои Аҳмадинажод хусусӣ буданд ва, аз ҷумла, алайҳи хонуми Мусавӣ - Заҳрои Раҳнавард равона шуданд. Раисҷумҳур соҳиби ду маълумоти олӣ будани хонум Раҳнавардро зери шубҳа бурд ва гуфт, хонуми Мусавӣ ҳамзамон дар ду донишгоҳ дар ҳоле таҳсил мекард, ки худ корманди ҳукуматӣ буд.

Маҳмуди Аҳмадинажод ҳамчунин ба доктори улуми фалсафа будани раисҷумҳури пешин Муҳаммади Хотамӣ шак кард. Дигар аз раисҷумҳуриҳои собиқи Эрон Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ ва фарзандони ӯ аз сӯи Маҳмуди Аҳмадинажод дар фасоду ришват муттаҳам шуданд. Дар посух ба ин иттиҳомот Мирҳусейн Мусавӣ аз рақибаш хост, ки тавассути айбҷӯиҳо обрӯи ин афроди мӯътабарро поин набарад.

Дар баҳси телевизионӣ Аҳмадинажод боз ҳам аз Ҳолокост ёд овард ва рақибонашро дар он айбдор намуд, ки аз мавқеъи ӯ дар робита ба куштори яҳудиҳо дар замони ҷанги дуввуми ҷаҳон интиқод кардаанд. Довталаби курсии раёсатҷумҳур, ки баёнияҳои пешинаш дар робита ба Ҳолокост борҳо мавриди интиқоди ҷомеъаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд, бори дигар Ҳолокостро чун “як фиреби бузург” арзёбӣ кард.

Мирҳусейн Мусавӣ гуфт, ки изҳороти рақибаш оид ба Исроил ва Ҳолокост барои Теҳрон паёмади номатлуб дошт ва аз як сӯ обрӯи Эронро пойҳин бурд ва сӯи дигар боиси афзоиши эҳтироми ҷомеъаи байнулмилалӣ ба Исроил шуд. Мирҳусейн Мусавӣ раисҷумҳури феълиро барои он ҳам танқид кард, ки кишварро дар инзивоъ қарор додааст ва Эрон сӯи истибдод раҳпаймоӣ мекунад. Ӯ таъкид кард, ки фақат ба хотири тағйир додани вазъи ба вуқуъпайваста вориди муборизаи пешазинтихоботӣ шудааст.

Баҳси телевизионии Маҳмуди Аҳмадинажод ва Мирҳусейн Мусавӣ - дуввумин баҳс миёни довталабони мақоми раисҷумҳури Эрон буд. Ахиран, ду номзади дигар Меҳдии Корубӣ ва Мӯҳсин Ризоӣ низ аз тариқи ҷаҳоннамо вориди баҳс шуданд ва аммо онҳо бештар рӯи мавзӯъи сатҳи зиндагии мардум ва вазъи иқтисод тамаркуз карданд.
XS
SM
MD
LG