Пайвандҳои дастрасӣ

Бардошти мусулмонон аз паёми Обама


Ироқиҳо ҳангоми тамоиши суханронии Обама, Бағдод, 4 июни соли 2009.

Ироқиҳо ҳангоми тамоиши суханронии Обама, Бағдод, 4 июни соли 2009.

Паёми Обама дар ҷаҳони ислом бозтоби густарда ва аксаран мусбат ба бор овард. Танҳо чанд гурӯҳи муайяни исломӣ ин суханрониро мавриди интиқод қарор дода, онро рад карданд.

Набил Абу Рудейна, сухангӯи раиси ташкилоти худгардони Фаластин, Маҳмуд Аббос, аз нутқи президенти Иёлоти Муттаҳидаро истиқбол намуда, онро “оғози хуб ва гоми муҳим дар самти сиёсати нави Амрико дар Ховари Миёна хонд. Вай афзуд, ки даъвати Обама аз Исроил барои хотима бахшидан ба бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар Каронаи Бохтарии рӯди Урдуну оғози ташкили давлати Фаластин ва мутазаккир шуданаш аз азобҳои мардуми фаластинӣ, паёми ошкоре ба Исроил мебошад, ки танҳо бо ташкили давлати Фаластин бо пойтахташ дар Байтулмуқадас дар Ховари Миёна сулҳи пойдор истиқрор хоҳад шуд."

Йоси Шейн раиси бахши омӯзиши сохтори давлатӣ дар Донишгоҳи Тел-Авиви Исроил нутқи Обамаро дар робита ба дарки ояндаи Ироилу фаластиниҳо мунсифона ва мутавозин хонд.

Бар ақидаи Шейн, нуктаи муҳим ин буд, ки Обама ба ҷаҳони араб дар бораи таърихи мухолифат ба сайҳюнизм нақл карда аз ҳаққи Исроил ба ҳастӣ низ мутазаккир шуд ва ҳамзамон аз Исроил талаб кард, ки бояд волоияти қонунро эътироф намуда бунёди шаҳрчаҳои яҳудинишинро дар заминҳои ишғолкардаи фаластинӣ қатъ кунад.

Ин дар ҳолест ки қонунгузорӣ лубнонӣ аз Ҳизбуллоҳ Ҳасан Фазлиуллоҳ мулоҳизаҳои Обамаро ҳамчун “андарзҳои ахлоқӣ ва ё сиёсӣ” арзёби намуда гуфт ки ин гуфторҳо ба ҷаҳони исломӣ ҳеҷ иртиботе надоранд. Вай гуфт ки Амрико бояд сиёсаташро ба таври решагӣ тағйир дода, аз пуштибонии сиёсати султаҷуёнаи Исроил дар минтақа даст кашад.

Сухангӯи ҷумбиши Ҳамос дар Навори Ғазза, Фавзӣ Барҳум, аз суханронии Обамаро бисёр эҳтиёткорона истиқбол намуд ва гуфт, ҳамаи ин суханон бояд дар амал тасдиқ шаванд.

Барҳум афзуд, қазияро аз рӯи сухан, балки амали Обама қазоват кард, ба вижа дар робита ба эҳтиром ба озодии мардум ва интихоби демократиашон ва ҳаққи фаластиниҳо ба замини худ.

Муҳаммад Ҳабиб муовини раҳбари "Ихвон-ал-муслимин" дар Миср нутқи Обамаро паёми бозоргонӣ ё реклама номид . Дар ҳоле ки як узви аршади ин созмони тундрав Эссон ал-Эриён суханронии президенти Амрикоро хушбинонатар арзёбӣ намуда гуфт: “Агар маъмурияти Обама ба стратегияҳои маъмурияти Буш ва ҳукумаитҳои қаблии Кохи сафед хотима диҳад, манзурам, дастгирии ҳамаҷонибаи Исроил, ҷангҳо дар Ироқ, Сомалӣ, Афғонистон ва акнун дар Покистон, ин оғози хубе хоҳад шуд.”

Дабири кулли Иттиҳоди кишварҳои араб Амр Мӯсо, ки дар толори Донишгоҳи Қоҳира ҳузур дошт ва паёми Обамаро худ шунид, гуфт, ки ҳоло фурсати амалӣ кардани ин суханон расидааст: “Мо аз Обама интизориҳои бузург доштем ва ман бовар дорам, бино ба он дидгоҳи ҷаҳоние, ки вай дорад, моро пушаймон накард. Ҳоло ман бовар дорам, ки мо ба сӯи сиёсатҳо ва анҷоми онҳо ҳаракат хоҳем кард.”

Дар Бағдод сухангӯи ҳукумат Алӣ ал-Даббоғ нутқи Обамаро “таърихӣ ва муҳим” номида, гуфт ки ин “оғози нав” дар самти мусбат барои ҳукумати нави дар Вошингтон мебошад.

Аммо Ҳазим ал-Нуаймӣ, таҳлилгари донишгоҳи Бағдод, гуфт ки Обама барои Ироқ ягон чизи нав наовардааст ва танҳо ваъда додааст ки ҳуқуқи ақаллиятҳои миллиро эҳтиром намуда бо ризоъият ва мувофиқати умумӣ кор хоҳад кард. Таҳлилгар афзуд, ки Обама ҳар дафъа кӯшиш мекунад, худро аз он таҳаввулоте ки дар Ироқ ҷараён дорад, канор бигирад.

Абдуллоҳ Аттай, профессори донишгоҳи ал-Азҳари Қоҳира ва мутахассиси умури Афғонистон нутқи Обамаро марҳилаи таърихии қотеъ номид. Вай ба радиои Озодӣ гуфт ки шеваи сӯҳбатҳои Обама бо мусалмонони ҷаҳон чунон самимӣ буд ки ин оғози инзивоъи ал-Қоида хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест ки як сокини вилояти Ҳилманди Афғонистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки миёни суханони Обама ва фаъолияти артиши Амрико ихтилофи зиёд вуҷуд дорад:

Вай гуфт: “Дар айни ҳол ман дар минтақаи Нодиалии Ҳилмандам. Ҳавопаймоҳои низомӣ бар фарози мо парвоз доранд ва моро бомбаборон мекунанд. Ман савол дорам ки аз суханони ширини Обама ба мо чи фоида? Ин ба мо танҳо дар он вақт суде меорад агар вай тавонад, алангаи хушунатҳоро хомӯш кунад. Аз нигоҳи ман, Обама бояд он маблағҳоеро ки барои ҷанг дар Афғонистон сарф мекунад ва мардуми афғонро азият медиҳад барои истиқрори сулҳ харҷ кунад.”

Раиси комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон Муҳибуллоҳ Додоҷонов гуфт, ки суханони Обама бисёр муҳим буданд, аммо амалӣ кардани онҳо дар сиёсати берунаи Амрико аз ин ҳам муҳимтар мебошад.

Дар умум намояндагони кишварҳои мусалмонии собиқ Шӯравӣ назири Озарбайҷон, Қирғизистон, Узбакистон, Қазоқистон ва ғайра нутқи Обамаро ҳамчун бисёр самимӣ ва мусбат арзёбӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG