Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармурабии қирғиз қаҳрамони лигаи Аврупо шуд


Дастаи ҳандболи Талант Дуйшебоеви қирғиз дар Лигаи қаҳрамонҳои ҳандболи Аврупо унвони қаҳрамониро ба даст овард. Вай сармуррабии бошгоҳи ҳандболи "Сюдад Реал"-и Испания аст ва дар бозии ниҳоӣ дар лаҳзаҳои ахири бозӣ дастаи THW-и Киели Олмонро шикаст дод. Дуйшебоев дар Қирғизистон ба дунё омадааст ва дар гузаштаҳо дар дастаҳои ҳандболи Қирғизистону Русия ва сипас дар Испания бозӣ кардааст. Вай солҳои бозӣ дар дастаҳои Испания беҳтарин бозигари ҷаҳон шинохта шудааст ва ҳоло ба беҳтарин мураббии гандбол мубаддал мешавад. Дастаи вай борҳо ҷоми қаҳрамонии Испанияро ба даст овардааст
XS
SM
MD
LG