Пайвандҳои дастрасӣ

Дар кобинаи Британия тағирот пеш меояд


Сухангӯи Гордон Браун-нахуствазири Британия гуфтааст, қарор аст имрӯз дар кобинаи оқои Браун тағирот ба амал ояд. Ин дар ҳолест, ки се нафар аз вазирони кобинаи вай аз мақомашон истеъфо додаанд ва натиҷаҳои интихоботи маҳаллӣ чандон хушҳолкунанда нест. Масъалаи тағирот дар кобина баъд аз истеъфои Ҷеймс Пурнелл-вазири кор ва нафақа матраҳ шуд ва вай беш аз пеш фишор меорад, ки Гордон Браун низ бояд аз мақоми нахуствазирӣ истеъфо диҳад. Баъд аз гузоришҳои аъзои порламон дар бораи суистифода аз ҳисобҳои пулӣ Ҳизби Коргарии Гордон Браун ва ҳизбҳои сиёсии дигар осебпазир шудаанд.
XS
SM
MD
LG