Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

6-уми июн марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2009 баргузор мешавад.

Дар бозии аввали ҳаштякниҳоӣ «Гвардия»-и Душанбе ва «Истиқлол»-и Душанбе қувваозмоӣ мекунанд. Инчунин рӯзи шанбе бозиҳои аввали чаҳорякниҳоӣ байни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Энергетик»-и Душанбе, «Хайр»-и Ваҳдат ва ССКА «Помир»-и Душанбе доир хоҳанд шуд.

Ҳамчунин бозии аввали ҳаштякниҳоӣ байни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа мебоист 6-уми июн ва бозии
чаҳорякниҳоӣ байни дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода мебоист 7-уми июн барпо мешуданд, вале ба иттилоъи Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федеросиюни футболи Тоҷикистон, тимҳои «Равшан» ва «Парвоз» ба иллати камбуди маблағ аз ширкат дар Ҷоми ҷумҳурӣ-2009 даст кашиданд. Бинобар ин «Вахш» ба даври чаҳорякниҳоӣ ва «Регар» ТадАЗ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

Тоҳир Нурматов, сармураббии дастаи «Парвоз», мегӯяд: «Мо дар номаи худ Федеросиюни футболи кишварро аз вазъи ногувори феълии даста воқиф намуда, зикр кардем, ки ба иллати мушкилоти молӣ ва кадрӣ имкони дар Ҷоми Тоҷикистон -2009 ширкат варзиданро надорем. Бозигарони асосии даста Фарҳод Тоҳиров, Сӯҳроб Эгамбердиев ва Асадулло Нуруллоев дар ҳамин ҳол аз ҳаққи ширкат дар якчанд бозӣ маҳрум шудаанд. Инчунин, капитани даста Анвар Норқулов, ки чаҳор корти зард гирифтааст, дар бозии навбатӣ ширкат нахоҳад кард. Бинобар ин мо маҷбурем, ки ба майдон футболбозони ҷавонро барорем. Вале бо чунин ҳайат бо дастаи пурқуввати «Регар» ТадАЗ бозӣ кардан барои мо хеле мушкил аст. Агар бар асоси қуръакашӣ ҳарифамон дастаи дигар мешуд, мо ҳатман бозӣ мекардем».

Бозиҳои ҷавобии ҳаштякниҳоӣ 10-уми июн ва бозиҳои ҷавобии чаҳорякниҳоӣ 13-уми июн баргузор хоҳанд шуд.

«Вахш» дар даври чаҳорякниҳоӣ 15-уми июн бо ғолиби ҷуфти «Истиқлол» - «Гвардия» бозӣ хоҳад кард. Бозии ҷавобии онҳо 19-уми июн барпо мегардад.

Барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2009 дар бозии ниҳоӣ рӯзи 5-уми октябр муайян хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG