Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Ричард Ҳолбрук аз Покистон


Ричард Ҳолбрук, фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистону Покистон, имрӯз дар Исломобод бо раҳбарони Покистон мулоқот мекунад. Ҳолбрук бо фармондеҳи артиши Покистон генерал Ашфақ Каёнӣ низ амалиёти алайҳи ҷангиёни толиб дар водии Свотро баррасӣ хоҳад кард. Дипломати амрикоӣ дирӯз зимни аёдати бархе аз мардуми беҷошуда бар асари ин амалиёт дар урдугоҳи Шоҳмансур, дар 80-километрии шимолу ғарби Исломобод аз кишварҳои Аврупо ва ҷаҳони Ислом даъват кард, дасти ёрии худро аз 2,5 миллион нафари беҷошуда дар Покистон дареғ надоранд.
XS
SM
MD
LG