Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти боз як узви Ҳизб-ут-Таҳрир дар Суғд


Мақомоти умури дохилаи вилояти Суғд боз як нафари дигарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҳизби манъшудаи Таҳрир боздошт карданд. Ба гуфтаи мақомот, Акрамхӯҷа Усмонов, посбони ширкати “Роҳи Абрешим”, аз соли 2004 ба ин сӯ узви фаъоли Ҳизб-ут-Таҳрир будааст. Тайи ду ҳафтаи охир дар шимоли Тоҷикистон дар маҷмӯъ 15 нафар бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ин гурӯҳи мазҳабӣ, ки ҳадафаш таъсиси як хилофати воҳиди исломӣ дар тамоми Осиёи Марказист, боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG