Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Алиев бо Саркисиён дар Петербург


Руасои ҷумҳуриҳои Арманистону Озарбойҷон Серж Саркисиён ва Илҳом Алиев дирӯз дар Санкт-Петербурги Русия роҳҳалҳои низоъи Қаробоғи Кӯҳиро баҳс карданд. Гуфтугӯи онҳо дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ дар қасри подшоҳии Константин бо миёнҷигии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев доир шуд. Сухангӯи Медведев гуфт, раҳбарон изҳор доштаанд, ки барои гуфтугӯ омода мебошанд. Вилояти умдатан арманинишини Қаробоғи Кӯҳӣ дар авоили солҳои 90 баъди як ҷанг бо Озарбойҷон худро аз Боку мустақил эълон кард. Ҷанги Қаробоғ соли 1994 бо имзои як қарордоди оташбас анҷом ёфт, вале инак 15 сол боз байни Арманистону Озарбойҷон созишномаи сулҳ имзо нашуда ва ин ду кишвар дар ҳоли ҷанг боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG