Пайвандҳои дастрасӣ

Арманистон нирӯгоҳи ҷадиди ҳастаӣ месозад


Арманистон мегӯяд, ҷиҳати эҳдоси як нирӯгоҳи ҷадиди ҳастаӣ, ки ҷойгузини нирӯгоҳи ҳастаии бозмонда аз замони шӯравӣ шавад, қарордод имзо кардааст. Армен Мовсесиён, вазири энержии Арманистон, гуфт, озмунро барои раҳбарии умури ин барнома ширкати австралиёии Ворлӣ Парсонс бурд. Маблағи умумии бунёди нирӯгоҳи ҷадиди ҳастаӣ 4,5 миллиард доллар баровард шуда, он бояд то соли 2017 дар маҳалли нирӯгоҳи кунунии Медзамор, дар тақрибан 30-километрии пойтахт, шаҳри Ереван сохта шавад.
XS
SM
MD
LG