Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷилавгирӣ аз ёдбуди қурбониёни Тянанмен


Пулис ва нирӯҳои амниятии Чин дирӯз, дар солгарди 20-уми рӯйдодҳои хунини Тянанмен атрофи ин майдони воқеъ дар маркази Пекинро печонида, аз ҳар навъ талоши гиромидошти қурбониёни рӯйдодҳои соли 1989 ҷилавгирӣ карданд. Давлати Чин бори дигар аз тасмими 20 соли пешаш ҷиҳати саркӯб кардани тазоҳуроти эътирозӣ дар майдони Тянанмен дифоъ кард. Пекин тақозои Амрико дар мавриди ифшои шумори қурбониёни он рӯйдодҳоро “ дахолат дар умури дохилии Чин” номида, радд кард. Аммо дар Ҳонгконг ба хотири гиромидошти қурбониёни Тянанмен раҳпаймоии пуриздиҳоме доир шуд, ки ба гуфтаи ташкилдиҳандагонаш, ҳудуди 200 000 нафарро гирди ҳам овард.
XS
SM
MD
LG