Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паёми раисҷумҳури Амрико Барак Обама ба мусулмонони ҷаҳон дар байни таҳлилгарони сиёсӣ ва мазҳабии Тоҷикистон вокунишҳои мухталифро ба бор овард.

Коршиноси минтақа Саъдӣ Юсуфӣ дар бораи таассуроташ аз паёми Барак Обама гуфт, мақсади аслии суханронии Борак Обама эҷоди як навъ фазои тафоҳуми бештар байни Амрико ва ҷаҳони Ислом буд ва ба шакли умумӣ ӯ ба ҳадафи худ расид. Ҷаноби Юсуфӣ бар ин назар аст, ки ин суханронӣ метавонад ду самара дошта бошад. Аз як тараф, бо маҳорати баланди дилҷӯии Барак Обама дар қиболи мусулмонон метавонад эҳсоси бадбинӣ нисбати Амрикоро дар байни мусулмонон коҳиш бидиҳад ва аз тарафи дигар, ин паём исломзитезиро дар кишварҳои Ғарб ва Амрико то ҳадде коҳиш хоҳад дод.

Таҳлилгари тоҷик ва хатмкардаи Донишгоҳи ал-Азҳари Қоҳира Тоҳири Сафар мегӯяд, саъю кӯшише, ки Барак Обама барои наздикшавии муносиботи Амрико бо ҷаҳони Ислом мекунад, кори хеле барҷастае аст, ки раҳбарони пешинаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико онро анҷом надоданд. Вай меафзояд, вале дар баробари ин аз Барак Обама интизориҳои бештар дорад, зеро Амрико абарқудрат аст ва метавонад болои ҳамаи давлатҳои дигар дар ҳалли масоил таъсир гузорад.

Коршинос Нуралӣ Шоев, ки солҳои зиёд муқими Ню-Йорк буд, бар ин аст, ки муроҷиати Барак Обама миёни Амрико ва ҷаҳони Ислом як пули наве гузошт. Вай мегӯяд, сӯҳбати раисҷумҳури Амрико хеле пурмӯҳтаво буд, аммо танҳо бо паём мушкилоти мавҷуда дар муносиботи Амрико ва ҷаҳони Ислом ҳалл намешавад ва Барак Обама ва Амрикоро мебояд дар ин самт гомҳои мушаххасе гузорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG