Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши маргбор дар қаҳвахонае дар Ироқ


Бар асари бомбгузорӣ дар қаҳвахонае дар як маҳалли умдатан шиъанишини Бағдод 9 нафар ҳалок ва 31 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Бомбгузориҳо ба мисли ин бомбгузорӣ дар рӯзи чаҳоршанбе, шакку шубҳа доир қудрати нерӯҳои амниятии Ироқро барангехтааст, ки то чӣ ҳад қодиранд, баъди шаҳрҳои кишварро тарк кардани нерӯҳои ҷангии Амрико, мустақилона амният дар ин шаҳрҳоро таъмин намоянд. Бар асоси тавофуқи Амрикову Ироқ, тамоми нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида, бояд то соли 2011 қаламрави Ироқро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG