Пайвандҳои дастрасӣ

Майдони Тианменро муҳосира кардаанд


Пулис ва маъмурони амниятии Чин имрӯз майдони Тианменро муҳосира карданд, то ки ба ягон маросими ёдоварӣ аз 20-умин солгарди саркӯбии тазоҳуроти демократӣ дар инҷо роҳ надиҳанд. Ҳукумати Чин дигарбора ба дурустии рафтораш, яъне бераҳмона фурӯ нишондани тазоҳурот таъкид кард ва талаби Амрикоро рад намуд, ки хостааст, то номи тазоҳургарони ҳалок ва нопадидшударо нашр намояд. Вазорати умури хориҷаи Чин, чунин баёнияи Ҳилларӣ Клинтон - вазири умури хориҷаи Амрикоро “дахолати фоҳиш ба умури дохилаи Чин” хонд. Ягона маросими ёдоварӣ аз 20 солгарди саркӯбии ошӯбҳои майдони Тианмен 2 ҳазор километр дуртар аз ин майдон дар Ҳон Конг вилояти худмухтори Чин баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG