Пайвандҳои дастрасӣ

Насли нави Тоҷикистон дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвараш дар аввали солҳои 90-ми садаи 20 иттиллои кофӣ надорад. Чаро?

Соҳибназарон мегӯянд, кореро ки дар роҳи суботу оромиш, рушду пешрафт ва низ худшиносиву созандагӣ дар ҷомеа фарҳанг ба ҷо меорад, наметавонад сиёсат анҷом диҳад. Ҳадаф аз овардани ин нукта ва ин муқаддима чист? Танҳо мисол овардани “Шоҳнома” и безаволи Фирдавсӣ кофист, ки бигӯем, садҳо насли мардумони ҷаҳон тавассути ин асари бузург аз таърихи давлатдории шоҳигариҳои замони Сомониён ва таърихи сарзаминҳои бузургу таърихӣ Хуросону Ҳирот, Балху Бохтар, сабабҳову иллатҳои шикасту парокандагиҳои салтанатҳои пуриқтидор огаҳӣ пайдо кунанд ва то андозае дарс низ гирифта бошанд аз он таърихи дур.

Ва коршиносон таъкид бар он мекунанд, ки танҳо тариқи китоб, китобе, ки битавонад ҳодисоту таҳаввулоти таърихро мушикофонаву мунсифона ва мешавад гуфт, дилсӯзона ба наслҳои оянда расонад, мешавад ба ин муваффақ шуд. Воқеан асаре, ки тавонад ҳамчун як сарчашмаи на танҳо иттилоъ, балки ҳамчун манбаи ибрату омӯзиш хидмат кунад. Ва соҳибназарон бо изҳори таассуф мегӯянд, ҳанӯз дар Тоҷикистон чунин китобе ё асари бадеӣ ё таърихие, ки воқеоти ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро пеши хонанда мунсифонаву воқеъбинона боз карда тавонад ва омӯзанда бошад, ба нашр нарасидааст.

Рустами Ваҳҳоб, шоири шинохта ва тозаназари тоҷик, ки як силсилаи ашъори худро ба ҳамин мавзуъ бахшидаааст ва талош варзидааст, ки чанде аз паҳлӯҳои торики ин ҷангро дар нигоштаҳояш равшан созад, мегӯяд, дар Тоҷикистон ҳанӯз чунин адибону таърихнигороне набудаанд, ки натанҳо ҳодисоти ҷанги шаҳрвандиро, балки паёмадҳои онро, саҳифаҳои нокушодаи сарнавишти фирориёни ин ҷангро дар ғурбат ва ё зиндагии муҳоҷирони кории тоҷикро дар Русия хеле мунсифонаву ба таври шаффоф ва ғамхорона иншо карда тавонад.

Рустами Ваҳоб мегӯяд, Тоҷикистон ба як мактаби омӯзиши таърихнигории муосир ниёз дорад: «Ман наметавонам бигӯям, ки ҳоло ҳастанд тахрихнависоне, ки аз ӯҳдаи ин кор бароянд. Чунки, ман фикр мекунам, ин замон мехоҳад. Насле, ки имрӯзист, ҳанӯз аз ин ҷанг дур нарафтааст. Ва, ба фикри ман, наслҳои оянда метавонанд ба ин ҷанг баҳои воқеӣ диҳанд. Ва як нуктаеро, ки ман муҳим медонам, ин аст, ки бояд дар Тоҷикистон мактаби таърихнависии муосир созмон дода шавад, то биомӯзем навиштани чунин ҳодисоти сиёсиву таърихиро. Аммо аз ҷониби дигар мушкил ин аст, ки метарсам дер нашавад. Чунки баъди ин ҷанг як насл бузург шуд ва садҳо суоли беҷавоб дорад ин ҷанг ва маълум аст, ки вақте одам воқеияти ҳодисаро намедонад, метавонад ба гумроҳӣ мувоҷеҳ шавад. Ин насл ҳақ дорад, ки ҳақиқатро бидонад”.

Мусоҳиби мо, ки худро Дилшод муаррифӣ кард, мегӯяд вай ҳоло 18 сол дорад, аммо дар бораи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз нақлҳои падару модараш то андозае хабар дорад. Дилшод афзуд, масалан, вай медонад, ки бисёре аз хешу табори онҳо, ки сокини минтақаи Хатлон буданд, ҳамон солҳо ба Афғонистони ҳамсоя фирор кардаанд, бархе баргаштаанду бархе не.

Модараш ба ӯ гуфтааст, ки қисме аз аз хешу табори онҳо дар Афғонистон хонаи охират ихтиёр ёфтаанд. Дилшон мегӯяд, баъзан чандин суолҳое марбут ба ҳодисоти ин ҷанг дар зеҳнаш мечарханд, ки посухашонро наметавонад пайдо кунад ва то имрӯз китобе ё асари бадеиву таърихиеро пайдо карда натавонистааст, ки асли ҳодисоти ин ҷангро барояш кушода тавонад:

“Ман, масалан, ҳар чизе медонам, аз падару модар ва нафарони дигар шунидаам, аммо дар мактаб аз муаллимон ва ё дигар манбаи иттилоотии муҳиме, ки ҳақиқати аслро гӯяд, чизе дар бораи ин ҷанг нахондаам. Агар ҳамин хел китобҳо навишта мешуданд, бисёр хуб мешуд”.

Мусоҳиби дигари мо Носир мегӯяд, вай хондани китобҳои таърихиро дӯст медорад ва таърихи кишварҳои мухталифи ҷаҳонро дастрас кардаву мехонад, аммо дар бораи ҷанги шаравандии Тоҷикистон, ки он солҳо вай 3-сола будааст, қариб ки иттиллое надорад:

“Бубинед, дар кишварҳои дигари ҷаҳон мо мехонем, ки ҳар як ҳодисаро, ки муҳим мешуморанд, ба зудӣ муҳаққиқон таҳқиқ мекунанд ва барои хонада пешкаш месозанд,к и сабаб ва нуктаҳои заъфи ин ҷанг, террор ё ҳодисоти дигар чӣ будааст. Аммо дар кишвари мо ин тавр нест. Ё ба манфиати худу гурӯҳе менависанд ин ҳодисотро, ё хомӯш мемонанд”.

Ба ин тартиб, аксари коршиносон бар ин назаранд, ки ҳарчанд як насл баъди ҷанги шаҳвандии Тоҷикистон ба камол расидааст, аммо ҳанӯз вақт лозим аст, то як насли дигаре сари кор ояд,к и манфиатдори аз кадом зовия расидагӣ кардан ба ин тахрих набошад, то муваффақ ба он шавад, ки ҳодисоти ин ҷангро, ки бо ғаму андӯҳ ва харобиҳояш ба масал дари қариб ҳамаи хонаводаҳоро кӯфтааст, рӯйи коғаз биёрад ва барои наслҳои минбаъда мерос гузорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG