Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислоҳоти исломӣ ва нутқи Барак Обама


Дар арафаи паёми Обама ба мусулмонони олам, баҳс ба вазъи ислом дар ҷаҳон низ дахл пайдо мекунад.

Яке мушкили Фаластин, дигаре Эрон ва даъвоҳои ҳаставии ин кишвар, гурӯҳе ҳам пешниҳод мекунад, ки президенти Амрико рӯи ҳукми худкомаи раҳбарони минтақа ва камбуди демократия дар олами ислом ҳарф занад.

Обама аҳамияти аксари кулли ин масъалаҳоро эътироф намуда, аллакай иброз доштааст, ки ба он руҷӯъ хоҳад кард. Ва дар ҳақиқат ин масъалаҳои сиёсии ҳалталаб ва ба хусус, сиёсати ИМА дар муқобили ин рӯйдодҳо муҳимтарин суоли рӯз барои мусулмонони олам ва мушкили онҳо мебошанд.

Шореҳи Радиои Озодӣ Ҷей Толсон мегӯяд, мутаассифона, ин пешниҳодҳо ғайримустақим ҳамон нуқтаи назари ифротгароҳои исломиро мунъакис мекунад, ки гӯё олами ислом як пораи воҳиди афкор, фарҳанг ва эҳсос буда, мусулмонони саросари дунё аз ҳам фарқе надоранд.

Толсон меафзояд, ки падари Обама мусулмон буд ва худи ӯ бахше аз хурдсолиашро дар Индонезия сипарӣ кардааст. Толсон бар ин назар аст, ки президенти ИМА аз олами печидаи ислом ва фарқу ихтилофи онро хуб аз худ намудааст, зеро ба истилоҳ Хона ва ё Байти Ислом танҳо бо дину мазҳаб маҳдуд набуда, тамаддунҳои мухталиф: форсӣ, туркӣ, фарҳанги Осиёи Ҷанубӣ ва урфу одатҳои қавмҳои гуногунро дар бар мегирад.

Ин ғановати фарҳангиву миллӣ агар, аз як тараф, боиси ихтилофи қавмҳои исломӣ шабеҳи рақобати форсҳову туркҳо шуда бошад, аз сӯи дигар, сарчашмаи муҳими пешрафти зеҳнӣ, ҳунарӣ ва ҳатто мазҳабии ислом гардидааст.

Ба ақидаи шореҳи Радиои Озодӣ маҳз ҳамин гуногуншакливу ғановати тамаддуни исломӣ ҳадафи ҳамлаҳои ифротгароҳои исломӣ мебошад, зеро танзими як уммат ё худ қавми исломии болотар аз миллат бо афкори онҳо мутобиқ мутобиқ аст.

Ин гурӯҳ худро салафӣ ва ё аз ҷумла пайрави Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб номида, саъй мекунад, аз роҳи эҳёи исломи давраи пайғамбар дастовардҳои чандинасраи мусулмонон: тасаввуф ва мактабҳои дигари фиқҳи исломиро аз байн барад. Ба қавли шореҳ Толсон, ифротгароҳо мехоҳанд, ҳатто шариати исломиро ба як чаҳорчӯби маҳдуди дастурҳо иваз кунанд. Масалан, зери ҳиҷоб қарор додани занон ва ё сангборони афроди муттаҳам бо зино.

Даромади фавқулодаи Арабистони Саудиву кишварҳои Халиҷи Форс аз фурӯши нафт имкон додааст, ки ақидаҳои ваҳҳобиён дар гӯшаҳои мухталифи олам пеш бурда шаванд, вале шореҳ Толсон бар ин аст, ки маҳз ҳамин афкори салафиву ваҳҳобӣ дар бораи исломи саросарӣ, яъне глобалӣ сарчашмаи назариявии ҳизбҳову ҷумбишҳои муосири исломӣ ба монанди "Ихвон-ал-муслимин" ё "Бародарони мусулмон"-и Миср мебошад.

Ба фикри муаллифи мақола, густариши афкори салафия худ бахше аз посухи олами ислом ба рушди муосир ва аксуламали мусулмонон ба мустамликадориву давраи ба истилоҳ неоколониализм ё худ мустамликадории нав мебошад.

Коршиносони ғарбӣ мегӯянд, ки рушди бесобиқаи маориф ва воситаҳои ахбори ом боиси тақвияти ислоҳот дар олами ислом шудааст ва ҳоло саъйу кӯшиши рӯи ташхис ва шарҳи маънои ислом зиёд аст. Ба ақидаи шореҳ Толсон. дар ниҳояти ин ҷараён ё аҳли ислом ба тамаддуни муосир ҳамоиш намуда, ҷойгоҳи худро дар он пайдо мекунад ва ё онро рад намуда, роҳи пешрафти хоси худро ихтиёр менамояд.

Толсон, шореҳи Радиои Озодӣ мегӯяд, дар ин раванди ислоҳот Обама наметавонад бештар аз эътирофи худи ин раванд чизеро ташхису таъкид кунад. Аммо ишораи худи паём ба гуногуншакливу ғановати ислом кам нахоҳад буд.
XS
SM
MD
LG