Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии 40 гаравгон аз дасти Толибон


Артиши Покистон мегӯяд, чиҳил нафар муҳассил ва ҳайъати омӯзгорони як мактаби бачагонаро аз дасти ҷангҷӯёни Толиб раҳо кардааст. Толибон бо ҳамлаи ғофилгирона ба корвони мусофирбарҳои муҳассилини мактаб дар Вазиристони Шимолӣ рӯзи душанбе даҳҳо нафар аз онҳоро гаравгон гирифтанд. То кунун маълум нест, чанд нафарро ба гарав бурдаанд, вале артиши Покистон мегӯяд, рӯзи сешанбе 70 муҳассил ва ҳайъати кормандонро раҳо кардааст. Маълум нест, ки чиҳил муҳассилро дар натиҷаи амалиёти низомӣ озод карданд ва ё худи ҷангҷӯёни Толиб баъди насиҳати раҳбарони қабилаҳо онҳоро раҳо намудаанд.
XS
SM
MD
LG