Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоб: Ихроҷи донишҷӯёни муҳоҷир


Беш аз сесад нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ки ба қавли масъулин, дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз Тоҷикистон умр ба сар мебаранд, аз рӯйхати донишҷӯи хориҷ шудаанд.

Каримҷон Қодирӣ, ректори донишгоҳи мазкур, мегӯяд, зимни як санҷиш маълум шуд, ки донишҷӯёни хориҷшуда умуман дар дарсҳо ширкат надоштаанд, вале бархе устодони Донишгоҳ барои аз сол ба сол гузаштани онҳо мусоидат менамудаанд. Ҷаноби Қодирӣ мегӯяд, аксари донишҷӯёни хориҷшуда дар шӯъбаҳои ғоибона таҳсил доштанд.

Ба қавли вай «дар баъзе факултаҳои шӯъбаи ғоибона ба ҷои бародар додар таҳсил дошт. Аз ин рӯ мо имсол тамоми донишҷӯёни ғоибхонро бо шиносномаҳо ба дарс роҳ медиҳем. Итминон дорам, ки аз 3 ҳазор донишҷӯёни шӯъбаи ғоибона ҳазор нафари онҳо дар дарсҳо ҳузур пайдо намекунанд».

Дар ҳамин ҳол Рӯзимади Тоҳир, коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, ба Русия рафтани донишҷӯён дар Тоҷикистон ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст. Ҷаноби Тоҳиров меафзояд, то замоне, ки арзиши шартномаи таҳсил дар Донишгоҳу донишкадаҳои кишвар қиммати баланд ва берун аз тавоноӣ мардум дорад, раванди ба Русия рафтани донишҷӯён идома хоҳад кард: «Онҳо имкони пардохти ҳаққи шартномаи таълимро надоранд. Ҳаки шартнома аз 200 то 1000 долари амрикоӣ арзиш дорад ва касе дар кишвар таи нӯҳ моҳ имкон надорад, ки чунин маблағро пайдо намояд».

Ин нуктаро довталабони мактабҳои олии кишвар низ дар сӯҳбат тасдиқ менамуданд. Аз ҷумла Алишер Қаюмов, хатмкунундаи мактаби миёна, интизор аст, ки падар ва бародараш ба ӯ аз Русия маблағ мефиристанд ва ӯ ба мактаби олӣ дохил мегардад.

Аммо дар ҳоле, ки довталабон дар ҷустуҷӯи дарёфти маблағ барои шартномаи таҳсил мушкил доранд, дар ҳамин баробар масъулини донишгоҳи Кӯлоб аз савияи дониши хатмкунундагони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ изҳори норизоӣ менамояд. Ва ахиран низ масъулини Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо ҷурми савияи пасти дониш 200 нафар донишҷӯ ва бо иллати напардохтани шартномаи таҳсил 320 нафар донишҷӯёнро аз донишгоҳ хориҷ намудааанд.
XS
SM
MD
LG