Пайвандҳои дастрасӣ

Кумаки башардӯстонаи Қирғизистон ба Тоҷикистон


Имрӯз, 4-уми июн, як қатори ҳомили кумакҳои башардӯстона аз маркази маъмурии вилояти Ӯши Қирғизистон ба Тоҷикистон равона гардид. Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати вазъи изтирории Қирғизистон, ин кумак ба манзури рафъи оқибатҳои боришоти шадид ва селобаҳо ба ин кишвари ҳамҷавор интиқол дода шуд. Бино ба ин манбаъ, маводи сохтмонӣ, трансформаторҳо ва муҳаррик ё двигателҳои тавлидкунандаи барқ, ки гуфта мешавад, мавриди ниёзи минтақаҳои аз боришоту сел осебдидаи Тоҷикистон аст, дар давоми рӯз тавассути мошинҳои ҳомили кумакҳои башардӯстона ба қисмати шимоли ин кишвар хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG