Пайвандҳои дастрасӣ

Тақвияти тадобири амниятӣ дар Чин


Ҳукумати Чин имрӯз тадобири амниятӣ дар ин кишварро тақвият додааст, то ба ҳар гуна маросими ёдоварӣ аз 20-умин солгарди саркӯбии бераҳмонаи тазоҳургарон дар майдони Тианмен роҳ надиҳад. Гурӯҳи ҳомиёни ҳуқуқи башари Чин, ки дар Ҳонк Конг қароргоҳ дорад, гуфт, пулис 65 фаъоли сиёсиро ҳабси хонагӣ кардааст. Вазорати умури хориҷаи Чин, имрӯз баёнияи Ҳилларӣ Клинтон - вазири умури хориҷаи Амрико, дар бораи тазоҳуроти Тианменро “дахолати фоҳиш ба умури дохилаи Чин” хонд. Хонум Клинтон рӯзи чаҳоршанбе аз ҳукумати Чин хост, то номи афроди кушта ва ё нопадидшуда ҳангоми саркӯбии тазоҳуротро нашр кунад.
XS
SM
MD
LG