Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди Оятуллоҳ Хумайнӣ дар Теҳрон


Дар Эрон имрӯз аз 20 –умин солгарди даргузашти Оятуллоҳ Рӯҳуллоҳ Хумайнӣ раҳбари инқилоби исломиро ёд мекунанд, ки дар соли 1979 шоҳи Эронро сарнагун кард ва ҷумҳурии исломиро таъсис дод. Даҳҳо ҳазорон нафар, аз ҷумла мақомоти баландпояи сиёсиву низомӣ, дар миёни онҳо Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаазами Эрон дар маросими гиромидошт дар мақбараи Хумайнӣ дар Теҳрон ширкат доштанд. Дар як сӯҳбат дар ин маросим Оятуллоҳ Хоманаӣ хориҷиёнро муттаҳам кард, ки қасд доранд, интихоботи қарибулвуқӯъи ин кишварро беэътибор кунанд. Ба гуфтаи вай, тайи чанд моҳи ахир, ба хотири коштани бадбинӣ дар дили мардум радиоҳои хориҷӣ интихоботи Эронро танқид мекунанд. Дар интихоботи рӯзи 12 июни Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури тундрави ин кишвар бо се нафари дигар рақобат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG