Пайвандҳои дастрасӣ

Қаҳрамонони каратэи Осиёи Марказӣ


Мусобиқоти қаҳрамонии Осиёи Марказӣ оид ба каратэ-до, ки дар шаҳри Турсунзода баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи мунтахаби Қазоқистон ба анҷом расид.

Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки барои бори дувум доир шуд, 89 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон дар маҷмаъаи варзишии «Самандар – асри ХХ1» тӯли ду рӯз қувваозмоӣ карданд.

Дар сабқати дастаӣ дар навъи кумитэ ҳам байни мардон ва ҳам миёни духтарон дастаи Қазоқистон ғолиб омад. Дастаҳои Тоҷикистон ҷои дуввум ва Узбакистон ҷои севумро касб карданд.

Сабқати дастаӣ дар навъи ката байни мардон бо пирӯзии тими Қирғизистон хотима ёфт. Дастаи мизбон ҷои дуввумро соҳиб шуд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ дар навъи кумитэ байни мардон варзишгарони тоҷик Фирӯз Темуров дар вазни 60 кг, Темур Қаюмов дар вазни 75 кг, Бадриддин Умедов дар вазни 84 кг бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Дар ду вазни дигар варзишгарони қазоқ Ринат Сагандиков (67 кг) ва Халид Халидов (беш аз 84 кг) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Дар сабқати духтарон дар навъи кумитэ узви дастаи Тоҷикистон Гулосори Сӯҳроб дар вазни 50 кг мақоми аввалро касб кард. Дар се вазни дигар варзишгарони қазоқ А. Сабитова (55 кг), А. Зеленова (61 кг) ва Г. Чайкузова (68 кг) ғолиб шуданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ дар навъи ката Дмитрий Казанов (Қирғизистон) байни мардон ва Зумрад Тазетдинова (Узбакистон) миёни духтарон пирӯзӣ ба даст оварданд.

Баҳром Ҳамидов, дабири кулли Федеросиюни каратэ-дои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Ин мусобиқа барои варзишгарони тоҷик як давраи омодагиҳо ба чемпионати Осиё, ки моҳи август дар Чин баргузор мешавад, инчунин, сабқати ҷаҳонӣ, ки моҳи ноябр дар Мароккаш доир мегардад, ба шумор мерафт».
XS
SM
MD
LG