Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сухаронии деринтизори Барак Обама


Барак Обама - раиси ҷумҳури Амрико, вориди пойтахти Миср шуд, ки қарор аст, дар онҷо паёми деринтизораш ба ҷаҳони Исломро ироа кунад. Барак Обама саъй дорад, то равобити Амрико ва ҷаҳони исломро, ки дар дар замони раёсати ҷумҳурии Ҷорҷ Буш латма дид, дуруст кунад. Мушовирони ҳукумати Амрико мегӯянд, муноқишаи Арабу Исроил, яке аз бахшҳои суханронии 45 дақиқаии Барак Обама аст, ки дар он доир ба нақши Амрико дар Афғонистону Ироқу Покистон низ сӯҳбат мешавад. Интизор меравад, ки Барак Обама ҳамчунин доир ба барномаҳои атомии Эрон гуфтӯгу кунад.
XS
SM
MD
LG