Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Оҷонси мубориза бо фасод дигар шуд


Шерхон Салимзода - собиқ раиси Оҷонси мубориза бо фасод
Шерхон Салимзода - собиқ раиси Оҷонси мубориза бо фасод

Ба вазифаи мушовири давлатӣ дар масоили ҳуқуқ таъйин шудани Шерхон Салимзода - собиқ раиси Оҷонси мубориза бо фасод дар миёни соҳибназарон ва таҳлилгарони тоҷик вокунишҳои мухталифро ба бор овардааст.

Бархе аз таҳлилгарон комёб нашудани Салимзода барои коҳиши мизони фасод ва ришват дар сохторҳои давлатиро иллали ин амр талаққӣ кунанд, бархеи дигар мӯътақиданд, ки раисиҷумҳур ба ӯҳдаи ӯ масъулияти муҳимтареро вогузор кардааст.

Қаюм Юсуфов, як тан аз ҳуқуқшиносони тоҷик, мегӯяд, бо ин вуҷуд, ки Шерхон Салимзода дар амри ташкили фаъолияти Оҷонсии мубориза бо фасод талошҳои зиёд ба харҷ дод, аммо ҷиҳати пойин бурдан ва коҳиш додани сатҳи фасод ва ришват дар сохторҳои давлатӣ муваффақ нашуд. Ва дар давоми се соли фаъолияти Оҷонсӣ умдатан онҳое ба ҷазо кашида шуданд, ки мақом ва мансаби дуюм ва сеюмдараҷа дар ҳокимиятро ишғол мекарданд.

Вай меафзояд, аз сӯи дигар дар гузоришоти созмонҳои байнулмилалӣ дар робита ба фасод ҷойгоҳи Тоҷикистон дар рейтинги кишварҳо баъди таъсиси ин Оҷонсӣ низ тағйир накард ва кишвар дар шумори кишварҳои фасодзадатарини олам боқӣ монд.

Аммо Муҳаммадҷон Ҳисориев, вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, ба чунин фикрҳо розӣ нест. Ба эътиқоди оқои Ҳисориев, сабаби тағйири вазифаи Шерхон Салимзод ин аст, ки ӯ таҷрибаи зиёди кор дар порлумонро дорад ва метавонад мавқеи ҳукумат ва аз ҷумла раисиҷумҳурро дар баробари Маҷлиси Намояндагон ҳимоят кунад. Ва масъулияти мушовири давлатӣ оид ба ҳуқуқ ва намояндаи комилҳуқуқи президент дар порлумон масъулияти басо мушкил ва муҳим аст, ки президент онро ба афроди наздик ва бовариноки худ месупорад.

Фармони ба вазифаи дигар таъйин кардани Шерхон Салимзода аз сӯи президент дар ҳоле имзо мешавад, ки дар моҳи гузашта раиси акнун сабукдӯшшудаи Оҷонси мубориза бо фасод тавониста буд нуфузи роҳбарияти ин идора миёни ниҳодҳои интизомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишварро тақвият диҳад.

Сухан аз ин ҷост, ки баъди се соли фаъолияти Оҷонсӣ зери раҳбарии Шерхон Салимзода, ки як навъ рақобат ва ихтилофи назарҳо бо додситонии кулли Тоҷикистон барои доираи нуфуз ниҳону ошкор ба мушоҳида мерасид, ҷаноби Салимзода тавонист пуштибонии ҳукумат ва порлумон барои иҷозаи боздошт, ҳабс ва кофтукоби кормандони додситонӣ бо иттиҳоми ширкат дар ҷиноятҳои вобаста ба ришвату фасодро аз роҳи ворид кардани ислоҳот ба қонун ба даст оварад. Ҳаққеро, ки додситонии кулл аслан намехост тақсим кунад.

Ба ин далел бархе аз коршиносон, аз ҷумла Шокирҷони Ҳаким - ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯянд, ки рақобати доираҳои соҳибнуфуз дар ҳукумати Тоҷикистон сабаби як чунин тасмими раисиҷумҳур нисбати Шерхон Салимзода шудааст. Зеро, мегӯяд оқои Ҳаким, ҳарчанд Салимзода шахсан аз нуфуз ва таъсири шахсӣ рӯи мансабдорони давлатӣ дар канор монд, вале вазифаи тозаи ӯ дар тасмимгириҳои муҳими сиёсӣ ва махсусан дар марҳалаи омодагиҳо ба интихобот бағоят муҳим аст. Ва аз эҳтимол дур нест, ки баъди интихоботи навбатии порлумонӣ, ки то баргузории он чанд моҳи дигар мондааст, Шерхон Салимзода курсии додситонии кулли кишварро соҳиб шавад.

Зимнан Шерхон Салимзода қаблан дар вазоифи муовини додситони кулл, додситони шаҳри Душанбе, вакили ва баъдан раиси кумита дар Маҷлиси Намояндагон фаъолият кардаст.

Бо таъсиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод бо фармони раисиҷумҳур раиси он таъин гардид. Оҷонси мубориза бо фасод ва назорати молиявӣ бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз фасод ва ришват дар сохторҳои давлатӣ ва назорати харҷи хазинаи давлат дар ташкилот ва ниҳодҳои давлатӣ ташкил шуда буд.
XS
SM
MD
LG