Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Клинтон аз Чин дар солгарди Тянанмен


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар солгарди 20-уми рӯйдодҳои хунини Тянанмен аз мақомоти Чин даъват кард, теъдоди кушташудагон дар майдони Тянанменро нашр ва маҳбусони боқимонда аз шумули онҳоеро, ки барои ширкат дар эътирозҳои соли 1989 маҳкум шудаанд, аз зиндонҳо раҳо кунад. Тонкҳои артиши Чин рӯзи 4 июни соли 1989 ба майдони Тянанмен, дар маркази пойтахт, шаҳри Пекин рехта, тазоҳуроти эътирозиеро, ки чанд ҳафта боз идома дошт, саркӯб кард. Дар натиҷаи истифодаи нирӯ садҳо ва бино ба бархе манобеъ, ҳатто ҳазорҳо нафар кушта шуданд. Чин дар пешорӯи солгарди 20-уми рӯйдодҳои Тянанмен аз тадобири шадиди амниятӣ кор гирифт, вале ба фарқ аз солгарди 10-умаш, майдони Тянанмен имрӯз боз будааст.
XS
SM
MD
LG