Пайвандҳои дастрасӣ

Солгарди 20-уми рӯйдодҳои хунини Тянанмен


Имрӯз солгарди 20-уми рӯйдодҳои хунини Тянанмен аст. Тонкҳои артиши Чин рӯзи 4 июни соли 1989 ба майдони Тянанмен, дар маркази пойтахти ин кишвар, шаҳри Пекин рехта, тазоҳуроти эътирозии донишҷӯён ва коргаронро, ки чанд ҳафта боз идома дошт, саркӯб кард. Дар натиҷаи истифодаи артиш аз нирӯ садҳо ва бино ба бархе манобеъ, ҳатто ҳазорҳо нафар кушта шуданд. Мақомоти Чин дар пешорӯи солгарди 20-уми рӯйдодҳои Тянанмен аз тадобири шадиди амниятӣ кор гирифта, ба хотири ҷилавгирӣ аз баҳси ин рӯйдодҳои хунин дар шабакаи ҷаҳонии Интернет дастрасӣ ба як силсила вебсайтҳои пурхонандаро масдуд кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG