Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷорҳои хунин дар Пактиё ва Ҳилманд


Пулиси Афғонистон мегӯяд, таркиши ду бомб дар роҳи гузари як корвони нирӯҳои хусусии амниятӣ дар шарқи ин кишвар мунҷар ба ҳалокати 10 тан аз ин муҳофизон шудааст. Азизуллоҳ Вардак, раҳбари пулиси вилояти Пактиё, гуфт, ин нирӯҳо дар минтақа бо нирӯҳои Амрико мақари муштарак доштанд. Дар ҳамин ҳол, вазорати дифоъи Бритониё хабар дода, ки як сарбози ин кишвар бар асари таркиши бомб дар улусволии Гиришки вилояти Ҳилманд ба ҳалокат расид. Тайи қариб 8 соли маъракаи ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон 166 сарбози Бритониё кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG