Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди шадиди Мӯсавӣ аз Аҳмадинажод


Мирҳусайн Мӯсавӣ, номзади умдаи ислоҳталабон дар интихоботи рӯзи 12 июни раёсатҷумҳурии Эрон, рақибаш – раисиҷумҳури кунунӣ Маҳмуди Аҳмадинажодро айбдор кард, ки бо зери шубҳа гузоштани воқеъияти қатли омми яҳудиён дар даврони ҷанги дуввуми ҷаҳон ба эътибори байналмилалии Эрон зарба зад. Мӯсавӣ дар ҷараёни баҳсҳои пешазинтихоботӣ, ки тавассути телевизиони давлатӣ нашр шуд, гуфт, ин ҳарфҳои Аҳмадинажод Эронро дар чашми ҷаҳониён шармсор кард. Аҳмадинажод Ҳолокост, ё худ қатли омми яҳудиён дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳонро “як фиреби бузург” номида, Исроилро айбдор кард, ки аз Ҳолокост ба хотири дарёфти пуштибонии байналмилалӣ сӯъиистифода мекунад.
XS
SM
MD
LG