Пайвандҳои дастрасӣ

Обама имрӯз ба ҷаҳони Ислом муроҷиат мекунад


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама, ки бо нахустин сафар дар Ховари Миёна ба сар мебарад, имрӯз дар Қоҳира, пойтахти Миср, бо як паёми хос ба ҷаҳони Ислом муроҷиат хоҳад кард. Обама дар пайи беҳбуди равобити дар замони Ҷорҷ Буш осебдидаи Амрико бо кишварҳои мусалмонист. Мушовирони Кохи Сафед мегӯянд, як бахши суханронии дар маҷмӯъ 45-дақиқагии Обама дар Қоҳира ба низоъи Арабу Исроил ихтисос ёфта, раисиҷумҳури Амрико дар ин паём ба сиёсатҳои кишвараш дар Афғонистону Покистон ва Ироқ низ хоҳад пардохт. Мавзӯъи дигари сӯҳбатҳои Барак Обама талошҳои Амрико ба хотири ба барномаҳои манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ ташвиқ кардани Эрон хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG