Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ифтитоҳи хатти парвози Душанбе - Рига


Субҳи дирӯз, 3 июн нахустин ҳавопаймои ширкати “ЭйрБалтик” дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон нишаст. Тибқи тавофуқ, ҳавопаймоҳои “Боинг –737”-и ин ширкат ҳафтае ду маротиба дар масири Душанбе – Рига парвоз анҷом хоҳанд дод. Ин нахустин хатти парвоз байни пойтахтҳои Тоҷикистону Латвия буда, дар нахустин ҳавопаймо 50 нафар аз Рига ба Душанбе ва 30 мусофир аз пойтахти Тоҷикистон ба он кишвари соҳили Балтик парвоз кардаанд. Қимати парвоз то Рига, ба гуфтаи масъулини “БалтикЭйр”, 160 евроро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG