Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

5 тоҷик дар Миср дар боздошт боқӣ мондаанд


Аз 15 донишҷӯи тоҷик, ки шаби 27 май дар ҷараёни амалиёти пулиси Миср дар донишгоҳи Ал-Азҳари Қоҳира боздошт шуданд, то имрӯз 10 нафар раҳо ёфта, аммо 5 нафар ҳамчунон таҳти боздошт боқӣ мемонанд. 5 донишҷӯи тоҷик ба нақзи шароити иқомат ва таҳсил дар Миср муттаҳам мешаванд.Сафорати Тоҷикистон дар Миср ва вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардаанд, ки мақомоти Миср донишҷӯёни боздоштшудаи тоҷикро ихроҷ нахоҳанд кард. Феълан дар Ҷумҳурии Мисри Араб дар маҷмӯъ ҳудуди 600 толибилм аз Тоҷикистон машғули таҳсил будаанд.
XS
SM
MD
LG