Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифати марзбонони Қирғизистону Ӯзбекистон


Рӯзи сешанбе марзбонони Ӯзбекистон дар марзи худ бо Қирғизистон 3 сарбози қирғизро бодошт карданд. Мақомоти раёсати пулиси ноҳияи Қадамҷои Қирғизистон гуфтаанд, баъд аз мудохилаи мақомоти зидахли ҳар ду ҷониб ба ин қазия сарбозонро раҳо кардаанд. Вале пулис хабари боздошти ду сарбози ӯзбекро, ки гӯё марзбонони Қирғизистон барои нақзи қонун онҳоро боздошт карда будаанд, рад кард. Онҳо низ раҳо шудаанд. Ин ду ҳодисаи боздошт дар посгоҳи марзии Вуадил дар наздикии Сухи Ӯзбекистон рух додааст.
XS
SM
MD
LG