Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбарони Ал-Қоида аз Обама интиқод карданд


Имрӯз телевизиони Ал Ҷазира сабти садоиеро, ки идао мешавад аз Усома Бен Лоден-раҳбари шабакаи террористии Ал-Қоида бошад, пахш кардааст. Ин садо мегӯяд, президент Барак Обама "тухми бадбинӣ ва қасос аз Амрикоро коштааст". Дар ин сабт омадааст, Обама аз роҳи Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури пешин қадам бармедорад. Воқеъияти ин садоро манобеъи мустақил таъйид накардаанд. Қаблан Аймон ал Завоҳирӣ-раҳбари рақами 2-и Ал-Қоида гуфта буд, ки мисриҳо набояд ҳангоми суханронии Обама шефтаи суханони вай шаванд.
XS
SM
MD
LG