Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оё ҷаъбаи сабти парвози ҳавопаймо пайдо мешавад?


Мақомоти ширкати ҳавоии мусофирбарии Фаронса гуфтаанд, маълумот дар бораи парвоз ва сабти садоҳои ҳавопаймои Эйр Франс, ки бар фарози уқёнуси Атлас ба сонеҳа дучор шудааст, мумкин аст ҳеҷ вақт пайдо нашавад. Ҳавопаймои бузурги А330 бо 228 мусофир рӯзи душанбе аз Рио де Женейрои Бразилия ба Парижи Фаронса парвоз мекард ва дар 650 километрии соҳили Бразилия ба уқёнус сарнагун шуд. Бо ин ҳавопаймо шаҳрвандони 32 кишвар парвоз мекарданд. Гуруҳҳои бозрасон мегӯянд, дар сурати пайдо шудани ҷаъбаи сабти парвоз сабабҳои ин фоҷеъа низ маълум мешавад.
XS
SM
MD
LG