Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози боздиди Барак Обама аз Ховари Миёна


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар оғози силсилабоздидҳои худ аз кишварҳои Ховари Миёна вориди Арабистони Саудӣ шуд. Ҳадаф аз ин боздид тавсеаи муносиботи Амрико бо ҷаҳони ислом аст. Обама дар Риёд бо малик Абдулло мулоқот мекунад. Интизор меравад, ки Обама рӯзи панҷшанбе дар Миср роҷеъ ба беҳбуди муносиботи миёни Амрико ва ҷомеъаи мусулмони ҷаҳон паём бифиристад. Ҳамчунин интизор меравад, ки дар музокироти худ бо раҳбарони Арабистони Саудиву Миср Обама ба сулҳи миёни Исроилу Фаластин ва ба барномаҳои ҳастаии Эрон тамаркуз кунад.
XS
SM
MD
LG