Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи Эрон ба Тоҷикистон барои сохтмони "Истиқлол"


Бино ба иттилоъи хабаргузориҳои Тоҷикистон, ҳукумати Эрон барои такмили корҳои сохтмонӣ дар нақб ё туннели "Истиқлол" дар ағбаи Анзоб 1 миллион доллар ихтисос додааст. Вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон гуфтааст, ин маблағ барои анҷоми корҳо дар шохаи ҳавогузари нақб сарф мешавад. Бино ба ин хабар, ҷониби Тоҷикистон дар бораи 5 миллион доллари дигар бо ҷониби Эрон дар ҳоли музокира аст ва мехоҳад ин 5 миллион долларро барои харидории таҷҳизоти рӯшанидиҳанда, таҷҳизоти зидди сӯхтор ва насби онҳо истифода кунад. То ҳол ҷониби Эрон барои сохтмони ин туннел 31 миллион доллар ба Тоҷикистон пул додааст. Сохтмони он аз соли 2003 ба ин сӯ идома дорад ва онро ширкати "Собир Интернешенал" анҷом медиҳад.
XS
SM
MD
LG