Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Обама. Чаро маҳз аз Қоҳира?


Кохи сафед суханронии қарибулвуқуъи раисиҷумҳури Амрико Барак Обамаро дар Миср, ҳамчун бахши муҳими мушорикат бо ҷаҳони ислом арзёбӣ мекунад. Паёми наврузии Обма ва суханрониаш дар Туркия низ аз силсилаи чунин кушишҳо дониста мешавад.

Таҳлилгарон қайд мекунанд ки Обама дар ҳар мавриди муносиб шеваи мусолиҳатомез ва эҳтиромонаро интихоб карда кушиш дорад мухолифатҳои миёни Иёлоти Муттаҳида ва ҷаҳони ислом ба амал омадаро аз байн барад ва ин равобитро беҳбуд бахшад.

Саволе матраҳ мешавад, ки чаро барои ин суханронӣ Обама маҳз Қоҳираро баргузидааст, чунки аксарияти таҳлилгарон бар ин назар
Ман фикр мекунам, агар вай тасмим мегирифт, ки дар ягон ҷои дигар яъне кишвари ғайриарабӣ суханронии асосиашро кунад, ин ҳамин тавр намудор мешуд, ки вай роҳҳои осонро меҷӯяд ...
буданд, ки раисиҷумҳури Амрико паёми асосиашро ба мусалмонони ҷаҳон дар сераҳолитарин кишвари мусалмон -- Индонезӣ интишор хоҳад кард. Илова бар ин Обама давраи бачагиашро дар он кишвар сипарӣ намудааст.

Мақомоти Кохи сафед зимни як нишасти матбуотӣ дар Вошингтон посух додаанд, ки Миср пеш аз ҳама ҳампаймони деринаи стратегии Амрико, кишвари калидии ҷаҳони араб ва ислом ва инчунин бозигари намоёни Ховари Миёна мебошад.

Аммо интихоби кишвар осон набуд. Арабҳо камтар аз 15 %-и мусалмонони ҷаҳонро ташкил медиҳанд ва ҳадс зада мешуд, ки мусалмонони боқимонда ин муроҷиатро ҳамчун муроҷиат ба арабҳо арзёби мекунанд.

Аз дигар ҷониб агар Обама ягон кишвари ғайри арабиро бармегузид шояд мегуфтанд ки вай эҳтиёткор асту роҳҳои осонро меҷӯяд.

Мишел Дюн, коршинос дар умури сиёсатҳои кишварҳои Араб ва Амрико дар Бунёди Карнегӣ барои сулҳи байналмилалӣ, гуфт ягон тасмими беайб вуҷуд надошт, аммо додани авлавият ба Қоҳира интихоби мантиқи буд: “Ман фикр мекунам, ки ҳукумати Обама дар мавриди он ки дар Ховари Миёна чӣ корҳо анҷом шудаанд, хеле ҷоҳталаб буданд ва Қоҳира низ интихоби ҷоҳталабонаест. Ин намунаи он аст ва ман бар ин ақидаам, ки Обама мехоҳад намоиш диҳад, ба ҳалли мушкилиҳои Ховари Миёна панҷа мезанад, яъне вай ба мавзӯъҳои мушкилтарин бевосита мепардозад ва аз онҳо фирор карданӣ нест. Ман фикр мекунам, агар вай тасмим мегирифт, ки дар ягон ҷои дигар яъне кишвари ғайриарабӣ суханронии асосиашро кунад, ин ҳамин тавр намудор мешуд, ки вай роҳҳои осонро меҷӯяд.”

Амр Ҳамзавӣ, сиёсатшинос аз Донишгоҳи Қоҳира мегӯяд, Обама Мисрро ба он хотир баргузидааст, ки дар он ҷо метавонад, на танҳо дар бораи муносибатҳои Амрико ва мусалмонон балки дар бораи мавзӯъҳои сиёсӣ ва амниятии минтақа низ сӯҳбат кунад.

Вай афзуд, бо сафари Обама ба Қоҳира, Вошингтон паёме мефиристад ки ба мавзӯъҳои низоъи Исроилу фаластиниҳо, ояндаи Ироқ, барномаи ҳастаии Эрон ва густариши ифротгароӣ авлавият медиҳад. Ҳамзавӣ дигар сабабҳоро низ номбар мекунад: “Ин интихоби мӯътадил аст. Сафар ба Миср, дар воқеъ, як паёми ошкор дар бораи бартариҳои Амрико дар минтақа аст. Ҳангоме ки Амрико ба ҷаҳони араб нигоҳ меафканад, он кишвар маҷбур аст, бо бозигарони мӯътадил ва ғайримӯътадил, бозигарони давлатӣ ва ғайридавлатӣ сарукор дошта бошад. Ва интихоби Қоҳира ин додани бартарӣ ба раванди мӯътадил ва кишварҳои муассир аст. Дар Миср, албатта, камбуди демократия ва ҳуқуқи башар вуҷуд дорад, аммо пеш аз ҳама ин кишвари мӯътадил ва муассирест, ки алоқаманди сулҳ ва ислоҳоти тадриҷӣ мебошад.”

Ин камбуди демократия ва ҳуқуқҳои инсон сабаби ба вуҷуд омадани саволҳое шудааст ки оё Обама зимни мулоқоташ бо раҳбари худкомаи Миср Ҳуснӣ Муборак дар бораи нигарониҳои Амрико зикр хоҳад кард ё хайр?

Муборак, ки 28 сол боз раёсатҷумҳурии Мисрро бар ӯҳда дорад, чор сол қабл ба интихоботи мустақими раҳбари кишвар иҷозат дод. Қонун ва қоидаҳои кишвар танҳо ба ашхоси муайян иҷозат медиҳанд ба вазифаҳои давлатӣ интихоб шаванд ва ҳукумати Миср пайваста мавриди интиқоди шадиди матбуоту маҳфилҳои сиёсии ҷаҳон қарор дорад.
XS
SM
MD
LG