Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, донишҷуёни тоҷике, ки дар боздошгоҳи муваққатие дар Миср ба сар мебаранд, ихроҷ нахоҳанд шуд.

Давлат Назриев, сухангӯйи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, мақомоти Миср рӯйи сарнавишти панҷ нафари дигар - Шавкат Рамазонов, Хуршед Эрматов, Фаридун Гулов, Идибеки Зиёваддин ва Аламшо Шарипов ҳамин рӯзҳои наздик тасмим хоҳанд гирифт.

Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Миср шаби 27 ба 28 майи соли равон дар пайи як амалиёти вижаи мақомоти амниятии Миср сурат гирифт. Мақомоти амниятии Миср дар пайи як рейди вижа дар минтақаи Маснад–ун насри Қоҳира, маҳалли зисти дастҷамъонаи донишҷӯёни хориҷӣ ҳудуди 150 нафарро боздошт карданд, ки 15 нафари онҳо тоҷик ва бақия доғистониву ингушу чеченҳои Русия, қазоқҳо, озариҳо, ӯзбакҳо ва ҳатто аврупоиҳо буданд.

Сабаби боздошти онҳо, ки ҳама донишҷӯ будаанд, тафтиши навбатии асноди хориҷиён дар Миср будааст. Аммо то ба ҳол мақомоти умури хориҷаи Русияву Қазоқистон изҳор доштаанд, ки асноди шаҳрвандони онҳо пурра бо қонунҳои Миср мувофиқат мекунад. Донишҷӯёни қазоқ ҳамагӣ аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд.

Сайид Шафиев, масъули сафорати Тоҷикистон дар Миср ба радиои Озодӣ гуфт, 10 донишҷӯйи боздоштшудаи тоҷик низ раҳо шуда, барои раҳоии бақия 5 нафар бо мақомоти мисрӣ гуфтугӯҳо идома доранд. Оқои Шафиев афзуд, сухан дар бораи ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон намеравад, зеро барои ихроҷ кардан далелҳо бояд пешниҳод шаванд, ки ба сафорат ин гуна далелҳоро мақомоти Миср пешниҳод накардаанд.
Гуфтанд, ки субҳ раҳо мекунем, аммо се рӯз пас ба ваъдаашон вафо карданд. Сабаби чаро ба боздоштгоҳ овардани моро шарҳ надоданд


Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилооти ғайрирасмӣ, рейди мақомоти амниятии Миср гӯё дар пайи як ҷанҷол миёни ду донишҷӯ - яке тоҷик ва дигарӣ доғистонӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳарду ва бақия боздоштшудагон умдатан донишҷӯёни донишгоҳи машҳури «Ал-аҳзар» будаанд.

Оқои Шафиев ин хабарро таъйид карда, афзуд, сабаби гузаронидани тадобири тафтишотӣ аз сӯйи пулиси Миср ин нест. Оқои Шафиев дар бораи сабабҳои боздошт шудани хориҷиён беиттилоотӣ кард, аммо афзуд, мақомоти Миср гуфтаанд, ки ин рафтори худро шарҳ амедиҳанд, зеро дар кишвар вазъи фавқулодда эълон шудааст. Ҳамчунин як раҳошуда аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон низ натавонист бигӯяд, ки чаро онҳоро пулиси Миср боздошт кардааст.

Ҳалими Муҳаммад, унвонҷӯйи Донишгоҳи маъруфи Ал-аҳзари Миср ҳодисаро ин гуна нақл кард: «Соатҳои 2 ё 3 шаби чаҳоршанбе буд. Дар хона 5 нафар хоб будем. Занги дар баланд шуд. Кушодем, ки чанд нафар истодаанд. Худро кормандони пулис муаррифӣ карданд ва гуфтанд, ки мехоҳанд хонаро тафтиш кунанд. Тафтиш карданд ва гуфтанд, ки бо мо биёед. Рафтем. Гуфтанд, субҳ раҳо мекунем, аммо се рӯз пас ба ваъдаашон вафо карданд. Сабаби чаро ба боздоштгоҳ овардани моро шарҳ надоданд»

Тоҳири Сафар, фориғуттаҳсили «Ал-аҳзар», ки ҳоло дар Тоҷикистон ба сар мебарад, мегӯяд, сабаби боздошти хориҷиён дар Миср набояд ба асноди будубоши онҳо бастагӣ дошта бошад, зеро қавонини ин кишвар, бахусус дар мавриди қабули донишҷӯён низоми хеле шадид дорад. Вай афзуд, шаҳрвандони собиқ Шӯравӣ ба Миср тариқи Маскав ва бо раводиди сайёҳӣ ворид мешаванд ва пас аз дохил шудан ба донишгоҳ раводиди маъмулиро ба даст меоранд.

Оқои Сафар афзуд, шояд боздошти донишҷӯёни хориҷӣ ба сафари раисҷумҳури Амрико Барак Обама ба Миср рабт дошта бошад ва таври маълум, дар ин кишвар созмонҳои ифротгаро ба монанди Ихвоналмуслимин, Ҷамоаи исломӣ, Ҳизбуттаҳрир ва ғайра фаъолият мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, созмони Ҷамоаи исломии Миср, ки сарвараш Аймон ал-Завоҳирӣ ҳоло яке аз раҳбарони Ал-қойида аст, дар ин кишвар низ фаъол аст ва эҳтимол дорад, мақомоти Миср барои ҷилавгирӣ аз вуқӯъи ягон амали террористӣ донишҷӯёни хориҷиро таҳти таҳқиқ қарор додаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Миср мегӯяд, ҳоло дар ин кишвар 600 донишҷӯи тоҷик сабти ном шудаанд ва то ба ҳол ягон шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ифтрогарову террористӣ муттаҳам ҳам нашудаву касе ҳам ихроҷ нашудааст. Сафорат умедвор аст, ки бақия 5 донишҷӯи тоҷикро низ аз боздоштгоҳи муваққатӣ халос хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG