Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумо кай бори охир карикатураҳои дархӯри замон ва ҷомеаи тоҷикро дидаед?

Хайрулло Давлатов, аз камшумортарин рассомони кишвар аст, ки ба офаридани карикатураҳои сиёсию иҷтимоӣ машғул мебошад.

Вай мегӯяд, ҳарчанд ҳоло дар кишвари демократию дунявӣ ба сар мебарад, аммо худро ҳамчун расссом-карикатурист дар замони Шӯравӣ озодтар ҳис мекард. Аз ӯ пурсидам, ки чаро чунин мегӯяд. Гуфт, ки азбаски карикатураҳояш мавзӯъҳои озодии сухан, мушкилаҳои рӯзгор ва иҷтимоъ, бедонишии мансабдорон ва мисли инро фаро мегиранд, имрӯз на барои ҳама аксҳои танзомезаш ҷойи чоп пайдо мешавад: «Масалан, вақте ҳамкоронам аз маҷаллаи «Хорпуштак» карикатураҳои маро ба як барномаи якуми апрелӣ ба Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон бурданд, муаллифони барнома онро истифода накардаанд. Он ҷо расмҳои бисёр буд, аз ҷумла мавзӯъҳои иҷтимоиву фарҳангӣ. Аммо барои як-ду карикатураи нимасиёсӣ шуда, дигарашро ҳам истифода накарданд».

Хайрулло Давлатов ҳамчунин аз он изҳори таассуф мекунад, ки дар Тоҷикистон ягон нашрияи фаъоли вижаи карикатурӣ нест. Вай гуфт, маҷаллаи замоне шӯҳратёр бо номи «Хорпуштак» ҳоло танҳо як маротиба дар се моҳ ба нашр мерасад ва он ҳам бо сифати начандон баланд ва ба дасти аудиторияи васеи хонандаҳо намерасад.

Ҳамчунин набуди ҳавасмандии ҳаҷвнигорону ҳунармандонро Х. Давлатов як сабаби рушди чандон надоштани карикатура дар кишвар медонад, дар ҳоле ки матбуоти ғарб аз ин жанр фаровон истифода мекунад.

Сайраҳмон Назриев, як хабарнигори маҳаллӣ, мегӯяд, шояд як сабаби ҷойи по пайдо накардани карикатураҳои Хайрулло Давлатов дар матбуоти кишвар мавзӯъҳои вай аст, ки на ҳама масъулини соҳибвазифаро хуш меояд: «Вай бештар карикатураҳо оид ба озодии сухан ва масоили иҷтимоӣ меофарад, ки ба хубӣ дар зеҳни банда нақш бастааст. Масалан, ҳар як карикатурааш ба вазни як мақолаи калони проблемавӣ эҷод мешавад, хеле зебо ва мазмундор».

Хайрулло Давлатов дар баробари карикатуристи маъруф будан, инчунин Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, раиси Иттиҳодияи дизайнерон дар водии Вахш ва саррассоми театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа ва раиси созмони қӯрғонтеппагии Ҳизби демократи ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров мебошад.

Ин бор аз вай суол шуд, ки агар бихоҳад акси як демократи воқеии тоҷикро биофарад, вай ин демократро чӣ гуна тасвир хоҳад кард. Вай гуфт: «Шумо ба мисли Лоҳутӣ, ки мегӯяд «Акси ӯро чӣ сон мебояд кашид…» суол кардед. Аммо ман ҳоло аз кашидани симои як инсони озоду озодандеш ва дорои тафаккури демократӣ худдорӣ мекунам. Мардуми мо нав ба асли мафҳуми ҷомеаи мардумсолорӣ сарфаҳм мераванд, як каме дигар вақт лозим аст…»

Бо ин вуҷуд, Хайрулло Давлатов тасмим дорад, бо кӯмаки дӯстони худ ояндаи наздик як намоишгоҳи офаридаҳои худро дар шаҳри Қӯрғонтеппа созмон дода, ҳамчунин ба хотири ҷалби ҳаҷвнигорону ҳунармандони ҷавон дар маркази вилояти Хатлон маҳфили нави карикатуристонро таъсис бидиҳад.
XS
SM
MD
LG